Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Меравад ба номи ту номаи навирсолам,

Меравад ба номи ту номаи навирсолам, Эй ба номи ту пайванд орзуву омолам. Он азиз мепурсад: чандсолаӣ, эй дӯст, Аз ҳама ҷавонам ман в-аз ҳама куҳансолам. Пеши роҳи ман баста сад қатораи таҳсин, Сад ҳазор лаънат ҳам медавад зи дунболам. Он табиби обу гил чораам намесозад В-он табиби ҷону дил огаҳ аст аз ҳолам. То зи ғайб нозил шуд як қалам ба дасти ман, Беқалам бишуд хоно бар ҳама хату холам. Шарҳи ин муамморо чун диҳам, ки ҳайронам, Пеши халқ гӯёям, пеши Ту фақат лолам. Ҷамъу тарҳи ман нашмар, чунки ҳарду ҳамвазнанд, Ҳар қадар, ки аз хокам, он қадар зи салсолам.