Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

На дил ба фикри ман асту на ман ба ёди ваям,

На дил ба фикри ман асту на ман ба ёди ваям, Дигар зи ишқ намесӯзад устухони наям. Ба хасм гӯ, ки мани рафта боз меоям, Ҳазорбора, ки ҷорӯб мезанӣ зи паям. Чу ишқ рафт, шаҳодат кӣ медиҳад дигар, Ба ин ҳақиқати ботил, ки ман ҳанӯз ҳаям? Ҳазор сол бихонӣ фақат муқаддимаам, Ба як нигаҳ накунад чашми фотеҳи ту таям. Ҳанӯз лолаякам монда зери теппаи барф, Агарчи дар назарат беҳаёттар зи даям.