Дӯст туӣ, туӣ, туӣ ҷоизаи самоиям,
Дӯст туӣ, туӣ, туӣ ҷоизаи самоиям,
Ишқ, туӣ, туӣ, туӣ давлати кибриёиям.
Бо гулу обу осмон, бо туву бо ҳама ҷаҳон
Чанд давом мекунад фурсати ошноиям?
Чанд баҳор ҳасту бас булбулию гулии мо,
Эй гули бебадал, бидеҳ қудрати навсароиям.
Баргу навои ту дигар, баргу навои ман дигар,
Раҳм чӣ мекунӣ, макун бар ману бенавоиям.
Ҳаммаҳали ситораҳо, ҳамдеҳи моҳвораҳо,
Кистию куҷоиӣ, ошиқи нокуҷоиям?
Баски ту рашки Ҳотамӣ, фасли ғулувви хуррамӣ
Себаки сурх оварӣ ҳадя ба рӯнамоиям.