Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳанӯз ҳастаму аз буданам аҷаб дорам,

Ҳанӯз ҳастаму аз буданам аҷаб дорам, Хушо, ки ҳастию бар ҳастиям сабаб дорам. Ба дом мондаам, аммо зи дард мерақсам, Ба эҳтироми ту, эй зиндагӣ, тараб дорам. Ба офтоб руҷӯи дубора хоҳам кард, Мане, ки решаи имон ба умқи шаб дорам. Ба зери сояи обон, ки мева кард ғуруб, Ҳанӯз ҳавсалаи чидани рутаб дорам. Дигар ба маҳфили сарди шумо намеоям, Ба он хунукнафасон узр гӯ, ки таб дорам. Биё, ба чашми шаболуди ман гузоре кун, Ки ман ба чашми фурӯзонфари ту гап дорам. Салом, ишқ, салом, эй ҷавонаи гандум, Алайки сабзи туро аз Худо талаб дорам.