Ман бо баҳор робитаи сабз ёфтам,
Ман бо баҳор робитаи сабз ёфтам,
Бе ихтиёр робитаи сабз ёфтам.
Муҳри се ҳарф дар лаби худ бо лабони ҷӯ
Аз ҳар канор робитаи сабз ёфтам.
Инак, чаҳор хонаи дилро кушодаам,
Бо ту чаҳор робитаи сабз ёфтам.
Хуршедрашҳа шуд нигаҳи нағзбини ман,
Бо мӯру мор робитаи сабз ёфтам.
То мекунам риояи қонуни ғунчаҳо,
Бо неши хор робитаи сабз ёфтам.
Ояндаро чӣ фол кушоям, ки ҳолиё
Бо дӯшу пор робитаи сабз ёфтам.
Чун печакам, ки бо тани шодоби зиндагӣ
Тори ба тор робитаи сабз ёфтам.
Бо ҳар сулули ошиқи худ бо сулули субҳ
Ман сад ҳазор робитаи сабз ёфтам.