Қасам бар нӯшханди гул, ки ман ҳам омадам, рафтам,
Қасам бар нӯшханди гул, ки ман ҳам омадам, рафтам,
Ба чашми шуста чун луълӯи шабнам омадам, рафтам.
Киям дар кофаристон - Нолаи мурғи шабовезе,
Насими исавӣ ё оҳи Марям, омадам, рафтам.
Ҷаҳон чун марди номаҳрам маро ноошное монд,
Ба гӯши ӯ нагуфтам ҳарфи маҳрам, омадам, рафтам.
Гаҳе гӯям, ки дунё чист? Чашми шодии будан!
Гаҳе нолам, бар ин дар чун ба мотам омадам, рафтам.
Малоикро ҳаёти ҷовидонӣ бетаманно кард,
Аз он рашки малак будам, ки як дам омадам, рафтам.
Паёми сабзи гандум бишнавед, эй қудсиён, аз ман,
Сабабгори гуноҳи сабзи Одам омадам, рафтам.
Дар ин шаҳре, ки оғӯши ту ӯро босаодат кард,
Ба дидори ту, эй хуршедмақдам, омадам, рафтам.
Гузар аз панҷара, ёқути сурхамро бигиру бин
Тулӯи саъди номатро зи хотам, омадам, рафтам.