Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Табрик бигӯ, ки то баҳор омадаам,

Табрик бигӯ, ки то баҳор омадаам, Дар роҳ ба сад аҷал дучор омадаам. Дарёб, ки ин нахустташрифи ман аст, Дар асл агар ҳазор бор омадаам. Гургона дай омад, ки кунад садлахтам, Пирӯз зи байни корзор омадаам. Аз се маҳи бебарқии мардум ман ҳам Аз дил ба диле шараргузор омадаам. Чун ҳеч накардаам барои нафаре, Маълум нашуд, ки бо чӣ кор омадаам. Дай рафту ҳазор пушта мерос гузошт, Бо як рамақи ҷон зи мазор омадаам. Баски зи ду чашми ту иҷозат омад, Фардо шудаам, бурун зи пор омадаам. Борони ҳидоятам, ки бар оламиён Хоҳандаи бахти бор-бор омадаам.