Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ситора ҷӯ, ситора ҷӯ зи ҳар нигоҳи содаам,

Ситора ҷӯ, ситора ҷӯ зи ҳар нигоҳи содаам, Агарчи ман заминиям, вале ситоразодаам. Ғурури ман ситорае, ки дар фарози кӯҳ буд, Зи қуллаи ғурури худ ба пои ту фитодаам. Маранҷ агар ба хоҳишат ҷавоби рад гирифтаӣ, Бихон ризояти маро зи чашми пурифодаам. Агар шавӣ ту сарпаноҳ сари маро чу осмон, Ба сӯят, осмони ман, кафи дуо кушодаам. Агарчи ишқи ту маро нишон надод рӯзи хуш, Насибу рӯзият кунад диле, ки бар ту додаам.