Ягонае чу ту дар ин дудар наёфтаам,
Ягонае чу ту дар ин дудар наёфтаам,
Баробари ту касеро дигар наёфтаам.
Ҳазор кардаму роҳе ба қалби бастаи ту-
Ба он ҷазираи касногузар наёфтаам.
Ба чор сӯ бидавидам ба фатҳи рӯҳи авом,
Аз ин даводави ботил самар наёфтаам.
Ба шаҳри мо кӣ харад қанди порсиямро,
Ҳақо, ки муштариёни шакар наёфтаам.
Ниёзманди шакарҳои хокмоламро
Чӣ ҷои шаҳр, ки дар баҳру бар наёфтаам.
Маро ба ақрабаи соатам мусобиқаест,
Дар озмуни давидан зафар наёфтаам.
Тулӯъ ҳам ки накардам, ғуруб ҳам накунам,
Ман аз тулӯъу ғурубам хабар наёфтаам.
Дигар зи чашми кӣ таҳмондаи нигаҳ ҷӯям,
Чу чашмҳои ту соҳибназар наёфтаам.
Шудам рафиқи раҳи ҳафт миллиард одам,
Вале нишоне аз он як нафар наёфтаам.