Дар ҷадвали дил шуморро фаҳмидам,
Дар ҷадвали дил шуморро фаҳмидам,
Дар гардиши хун фишорро фаҳмидам.
Як фурсату як ғафлату як ҳасрат буд,
Ин қоидаву қарорро фаҳмидам.
Чун вақтхушӣ бо ҳама кас вақткушист,
Ман фоидаи фирорро фаҳмидам.
Сад нусрати тоза овар, эй оянда,
Ҳоло, ки шикасти порро фаҳмидам.
Дил шеъри чаҳорпораи улвӣ буд,
Ман маънии ҳар чаҳорро фаҳмидам.
Вақте ду китоби сабзро бикшодӣ,
Шарҳи луғати баҳорро фаҳмидам.
Дар сангтарин дили ҷаҳон ҳам охир
Мусиқии чашмасорро фаҳмидам.
Эй дуртарин, кунун миёни ману ту
Афтодани сад ғуборро фаҳмидам.
Дигар дами хеш бар дарун бигрифтам,
Ширинии ин ниқорро фаҳмидам.
Ҳар рӯзу шабам ҷоизаи раббонист,
Ин раҳмати Кирдгорро фаҳмидам.