Ба ҷони ту, ки ҳиҷрон мекунад қатли таманноям,
Ба ҷони ту, ки ҳиҷрон мекунад қатли таманноям,
Давоми роҳро бо ёрии ёди ту паймоям.
Агар рафтам, ҳазорон беҳтар аз ман боз меояд,
Бале, беҳтар зи ман меояд, аммо ман намеоям.
Саҳар шуд, атса зад хуршед дар он сӯи оина,
Саҳар шуд, оқибат оина бикшоям, набикшоям.
Ба ин хории хоколуди ман доман фишонду рафт,
Бишуд маслуб дар арши ғурури худ Масеҳоям.
Маро бар кишвари бешаб бибар, эй хусрави Машриқ,
Ки қурси хоб ҳам метарсад аз шабҳои ялдоям.
Дар ин оинаи чаппа ҳама зебову ман зиштам,
Ба зери ғурфаи гардун ҳама ҷамъанду танҳоям.
Ҳазорон сангҳои ҳосидонро бурд селобам,
Фақат санги дили як меҳрубон барбаст маҷроям.
Мабодо гӯямат, эй ишқ, дар дирӯзи ман мондӣ,
Салом, эй навтарини ман, алайке гӯ зи фардоям.