Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Навои нишоте баровар зи торам,

Навои нишоте баровар зи торам, Ту, эй бозгашти сапеди баҳорам. Зи пайроҳаи сабзи чашми ту афтод Дубора ба самти ҷавонӣ гузорам. Зи фардову фардои дигар сухан гӯ, Раҳоӣ деҳ аз қайди перору порам. Ман он оби чоҳам, ки бо акси моҳам, Бигӯ таҳният бо барори шикорам. Асар осиӣ, хок зан бар сафоям, Агар қудсиӣ, ғусл кун бо ғуборам. Зи фарҳанги оянда ҳарчанд рӯзе Сутурда шавад вожаи «дӯст дорам». Биё, навгаро бош, қалби қадимам, Ба маҷрои фардо туро месупорам. Баҳор омад, эй лолаи пушти қулла, Тулӯъи ҷадиди туро интизорам.