Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳ, субҳ, субҳ, набигрез аз ману дили нигаронам,

Субҳ, субҳ, субҳ, набигрез аз ману дили нигаронам, Ишқ, ишқ, ишқ, напарҳез аз тавофи каъбаи ҷонам. Ёр, ёр, ёр, ало, ёр, эй наҷоти ҷони гирифтор, Кай шавад, ки оиву гӯӣ: Омадам, туро бираҳонам. Дур мешавӣ, зи назар дур, эй уқоби кӯҳи такаббур, Чун шикори ту натавонист, ҳайфи абрувони камонам. Ҳеч кас нахост кушояд ин дили варақ - варақамро, Эй китоби нозили улвӣ, ман туро барои кӣ хонам? Ҳар чиро, ки ҳақ бишумурдам, зиндагӣ бизад хати бутлон, Фарқи байни ботилу ҳақ чист, ростӣ, ҳанӯз надонам. Ин на он манам, ки ту бинӣ, ин на он манам, ки ту донӣ, Амр мекунад, ки чунин бош як мани дигар зи ниҳонам. Вақти рафтанам ту қадам неҳ бори охирин ба мулоқот, Зиндагӣ, биё, ба рухи ман хам бишав, ки бӯса ситонам.