Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Салом, эй бӯи Ҷӯи Мӯлиёнам,

Салом, эй бӯи Ҷӯи Мӯлиёнам, Салом, эй пайки нав аз бостонам. Салом, эй ғунчапарварди баҳорам, Салом, эй нозпарварди хазонам. Муноҷоти сабоҳу вирди шабро Ба домони намозии ту хонам. Салом, эй лолае дар боми тифлӣ, Салом, эй ёдҳои арғувонам. Чаманпарварди ишқам, нағмазодам, Биҳиштиям, ки қудсиошёнам. Биёмад рӯзгори васли тоҷик, Ки якмаҷро бишуд дарёи ҷонам. Дарию порсию тоҷикиям, Ҳазоронсола дардеро забонам. Ватанро мекунам оинадорӣ, Ки ман Сайҳуну Вахшу Зарфишонам. Шабовези туям, эй мазҳари субҳ, Ватан гӯяд гулӯи хунчаконам. Пас аз мурдан ҳам оҳанги ту дорам Ба нолишҳои нои устухонам.