Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биё, эй ишқи созанда, биё охир ба ёриям,

Биё, эй ишқи созанда, биё охир ба ёриям, Ки сармо зад зи чашми бад тану ҷони баҳориям. Сари мағрури ман охир фурӯ афтод дар болин, Чӣ сон дар рахти беморӣ шикебад беқарориям. Ба сад маҳмил ғам андар ғам ба пурсиш оядам ҳар дам, Намедонам, чиҳо бошад давоми интизориям. Ҳаромам бод хоби хуш, агар донам, ки дар дунё Хаёле ҳасту меарзад ба ин шабзиндадориям. Ҳаёти шамъ медидам дар ин торикии беишқ, Агар бо ваҳшати мурдан шабе танҳо гузориям. Бидеҳ дасти азизатро, зи ҳадди таб фароям бар, Ки симоб аст хаста аз уруҷи таббарориям. Киям ман, инс ё ҷинсам, парӣ ё деву иблисам, Ки чун уъҷуба танҳоям, зи маҳфилҳо фирориям. Чунон бад дидаам худро, ки имдод аз ту мехоҳам, Бимон, то монаму монад маҷоли дӯстдориям.