Ҳама рафтанд, ман чаро наравам,
Ҳама рафтанд, ман чаро наравам,
Сӯи он ёри ошно наравам?
Гарчи аз хок хоксортарам,
Ҷониби арши кибриё наравам.
Аз куҷо омадам, намедонам,
Ба куҷо ҳам равам, куҷо наравам.
Боз ҳам пеш - пеши қофилаам,
Аз қафо ҳам равам ва ё наравам.
Бандаеро Худо шинохтаам,
Бас, дигар баъд аз ин хато наравам.
Оина дӯст буду душман шуд,
Сӯи бадбини баднамо наравам.
Меравам, меравам ба танҳоӣ,
То дубора суи шумо наравам.
Рафтанам ростӣ, ки беҳудаст,
Гар ба полоиши само наравам.
Монданам низ сахт беҳудаст,
Гар ба ҷанги баду бало наравам.
Ҳама рафтанд, ман чаро монам,
Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?