Ман дари сад муъҷизаам, ёр, биё, ки во шавам,
Ман дари сад муъҷизаам, ёр, биё, ки во шавам,
Тор шавам, ҷӯр шавам, захма шавам, наво шавам.
Бӯса ба бодҳо диҳам, хонаи дил ҳаво диҳам,
Ғунчаи подарахтиям, ҳамсафари сабо шавам.
Гарчи ба гӯшае ниҳон, фориғам аз ғами ҷаҳон,
Ҷону ҷаҳони ман биё, бо ту ҷаҳоннамо шавам.
Узви ҳазор ширкате, соҳиби боли шуҳрате,
Дар талаби муҳаббате чанди дигар фано шавам.
Узви баҳори тар бикун, мастаму масттар бикун,
Хоки маро шарар бикун, то ватани сафо шавам.
Бо ту, ки ҷом дар кафат баҳри вузӯ нишастаӣ,
Аз ҳама риндтар шавам, аз ҳама порсо шавам.