Аз қолабам барояму хоҳам, ки ҷон шавам,
Аз қолабам барояму хоҳам, ки ҷон шавам,
Ворастатар зи қофилаи лӯлиён шавам.
Хуршед хомуш аст бад-он сурхии забон,
Ман ҳарфи ӯ бигӯяму ӯро забон шавам.
Оинаам, ки байни туву ту нишастаам,
Бигзор, то ҳамеша чунин тарҷумон шавам.
То ҳамчу най зи мағзи ҷигар нола даркашам,
Бояд зи пӯст бигзараму устухон шавам.
Гоҳе бақостам, гаҳи дигар фаностам,
Гоҳе якин шавам, гаҳи дигар гумон шавам.
Бар қасди пирзоли сияҳкинаи қазо
Ин умри панҷрӯза туро меҳрубон шавам.
Ман орзуи даргузаре нестам, бимон,
То дар дили ту занг занам, ормон шавам.
Рӯзе маро ба рӯи кафат гиру сура хон,
То аз садаф барояму луълӯи ҷон шавам.