ДАР СӯГИ УСТОД ЛОИҚ
ДАР СӯГИ УСТОД ЛОИҚ
Дар ҳақиқат сад ҷаҳон будӣ, набудӣ як касе,
Дӯш дидам он ҷаҳон бо ин ҷаҳон бигриста.
Мавлавӣ
Хабари марги ту омад, ки ситонад ҷонам,
Падару муршиди ман, шамси шарарборонам.
Рафтию танг шуд офоқ, куҷо бигрезам,
Инак, ин ман - мани хурду ғами бепоёнам.
Эй дар инсонии ту шаъшааи ирфонӣ,
Вой бар ман, ки на ирфонаму на инсонам.
Бевузӯ мешавад ин миллати меҳробшикан,
Ку садоят, ки дар он шуста шавад имонам.
Қофила буд парешон, ҷараси васл задӣ,
Бе ту бероҳа шавад маҳмили саргардонам.
Ҳолиё дарк насозад, ки киро бохтааст
Меҳани ғофили худбохтаи ҳайронам.
Шери танҳои ватан тарки найистон карда,
Шеъри ӯро бикунад нола найи мижгонам.