Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Тақвими ман сар омад, падруд, фарвадинам,

Тақвими ман сар омад, падруд, фарвадинам, Шабҳои шамъдонӣ, рӯзони ёсаминам. Баъди ҷанозаи ишқ, баъди ғуруби гулҳо Ман боз ҳам намурдам, баргӯй офаринам. Бар ақли ман наёмад дарки сиришти мардум, Оё ман аз куҷоям, аҳли ҳамин заминам. Ишқам на ишқи комил, дардам чӣ дарди ботил, Бар одаме намонам, уъҷубае чунинам. Бо он ки беҳаётам, бар зиндагист меҳрам, Бо он ки худ мамотам, бар марг ҳаст кинам. Андар иҳотаи шак, бо ин дили мушаббак, Оре, на аввалинам, оре, на охиринам.