Завлона ба по пар-пар бизанам,
Завлона ба по пар-пар бизанам,
Шаш сӯ бишавам, шаш дар бизанам.
Ман жанда дарам дар пайкари шаб,
Дар ҷомаи субҳ оҳар бизанам.
Ин лаҳза манам тасвири нишот,
Мавҷи гули сур бар сар бизанам.
Гулханда барам бар росту чап,
Бар синаи ғам ханҷар бизанам.
Бода кашам аз ангури сухан,
Бар санги дилат соғар бизанам.
Резам чу намак бар бенамакон,
Бар шӯри ҷаҳон шаккар бизанам.
Пеш ову матарс аз ин садама,
То дил ба дилат андар бизанам.