Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз оинаи бефусунам гурезам,

Аз оинаи бефусунам гурезам, Зи таъқиби ҷурми фузунам гурезам. Ба фардо намехоҳам, эй нозири роҳ, Ба бигзаштаҳо аз кунунам гурезам. Дилам буд, маъшуқаи субҳ бошам, Аз ин орзуи забунам гурезам. Дигар «ишқ»-ро аз луғатҳо наҷӯям, Аз ин қуллаи сарнагунам гурезам. Маро аз баҳори ҷунун пеш карданд, Ҳам, инак, зи фасли сукунам гурезам. Дилам гуфт: кофист раҳ гаштани ман, Аз ин мурдаи ғарқи хунам гурезам. Ман он ғори жарфам, ки аз чашми хуршед Фақат бар дарун, бар дарунам гурезам.