Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дер зӣ, эй модари фархундаам,

Дер зӣ, эй модари фархундаам, Васл кун бо ишқ тори кандаам. Ман, чӣ ҷои ман, ки ҳатто обу гул Гӯядат: бар ҳурмати ту зиндаам. Осмонидомано, дар доманат Ҳар қадам хирман зад ашку хандаам. Уксигенам бахшиву заҳрам ҷабӣ, Эй дарахти сабзи полояндаам. Асли аслӣ, фаръ шуд пеши ту фар, Фарруху фарзонаву фархундаам. Сахт ноҳамвор мондам, гарчи вақт Метарошад рӯзу шаб бо рандаам. Ин тафохур ҷуз тамасхур нест, нест, Аз чунин будан басе шармандаам.