Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шохи Наботам, самар овардаам,

Шохи Наботам, самар овардаам, Аз шакаристон шакар овардаам. Боз шудам, боз шудам чун фазо, Панҷара бикшо, саҳар овардаам. Пок шудам, пок шудам, пок, пок, Ман, ки туро дар назар овардаам. Субҳ! Маро гарм дар оғӯш каш, Ман нафасе гармтар овардаам. Сирри вай аз хомушии ман шунав, Ман, ки аз он лаб хабар овардаам. Соати навсамти қафогардро Туҳфаяке аз сафар овардаам. Шамс!* Биё рақси фарангӣ кунем, Дасти туро дар камар овардаам. Руфтааму шустам ин хона, пас Ишқи ту бар хона даровардаам. * Шамси Табрезӣ