Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Кош, чун оби дусадпора ба ҳам боз оем,

Кош, чун оби дусадпора ба ҳам боз оем, Аз ҳама гӯшаи офоқ ҳамовоз оем. Бо раҳи фасл бирафтему ватансӯз шудем, Сураи васл бихонему ватансоз оем. Ашк гардему ба зонуи ватан сар монем, Ба қадамбӯсии ин хок сарандоз оем. Чун сари модари тоҷик гаравгонии мост, Покбозон, нагузоред ғалатбоз оем. Хоки ғурбат ба дили обилапо марҳам нест, Кай шавад боз, ки бар мазҳари оғоз оем?