То ба кай хокистаролудӣ, биё, озар шавем,
То ба кай хокистаролудӣ, биё, озар шавем,
Бар шавем аз хирагии худ, фурӯзонфар шавем.
Душманӣ варзиданат бо ҷадвали тақвим чист,
Борҳо поён шудем, эй дӯст, инак, сар шавем.
Ахтарон гуфтанд: шаб тобути рӯзи рафта аст,
Дар сари тобути рӯзи мурда гулчанбар шавем.
Рӯзро дам мекашад ин дил, дили беҳудахор,
Худкушиҳо мекунем, он дам, ки худпарвар шавем.
Охир аз толори ороиш ба берун по ниҳем,
Ҷисмро оростем, инак, паи ҷавҳар шавем.
Бори дигар нақшаи ҷуғрофиёи дил кашем,
Андар ин рӯзу шабони танг паҳновар шавем.
Чанд навҷӯӣ кунам дар куҳназори фикри худ,
Ишқ мехоҳад, ки эй дил, мову ту дигар шавем.