Рӯзи ғуруби ҳавсалаҳо пир мешавем,
Рӯзи ғуруби ҳавсалаҳо пир мешавем,
Дар қайду банди мушкилаҳо пир мешавем.
Бар мадду ҷазри мост фалак остинфишон,
Бо ҳоюҳую валвалаҳо пир мешавем.
Он себи ночашидаи мо шукр ном дошт,
Мо кофарему бо гилаҳо пир мешавем.
Дар мо ҷунуни андаки Маҷнун агарчи нест,
Дар по ҳазор силсилаҳо пир мешавем.
Бо он ки нест фосила байни ҳаёту марг,
Мо ҳам бидуни фосилаҳо пир мешавем.
Бар сардии ҳаво натавон ин гуноҳ баст,
Аз сардии муомилаҳо пир мешавем.
Моро, ки ҳаст робита бо ишқ, зиндаем,
Бо мурдани мубодилаҳо пир мешавем.