Масти чаҳ-чаҳхонии худ меравем,
Масти чаҳ-чаҳхонии худ меравем,
Бо шакарафшонии худ меравем.
Бо фари инсонии худ омадем,
Бо пари кайҳонии худ меравем.
Аз таҳи ин нуҳ равоқи симгун
Бо шафақҷавлонии худ меравем.
Мо, ки урён омадем аз он тараф,
Боз бо урёнии худ меравем.
Баъди умре маърифат андӯхтан
Бо тиҳиирфонии худ меравем.
Рӯи мо тасвири шодӣ мекунад,
Бо ғами пинҳонии худ меравем.
Зиндагии мо саволе буду бас,
Бастаи ҳайронии худ меравем.
Ӯст ҷоноҷони мову ҷони мо,
Сӯи ёри ҷонии худ меравем.
Ройгон хидмат ба ранҷурон кунем,
Бо сухандармонии худ меравем.
Бо раҳи пешонии худ омадем,
Бо раҳи пешонии худ меравем.