Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ишқ марг аст ва ё фотиҳаи мелодам,
Ишқ марг аст ва ё фотиҳаи мелодам, Мурдаму зинда шудам, гӯй муборакбодам. Бар абас бар туи бемеҳртарин таъна задам, Ки чаро дӯст надорию накардӣ ёдам.
Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам,
Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам, Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам. Чист давоми буданам, бохтану рабуданам, Кам шудану фузуданам, тарки шумор мек
Зи ҷаҳони пуршаётин биравам, дигар наёям,
Зи ҷаҳони пуршаётин биравам, дигар наёям, Шунавам дуои ёсин, биравам, дигар наёям. Бифишонда дасту доман ба нишоти сабз будан, Ба тамоми мадҳу нафрин, биравам,
Рехт бар хотираи ёсуманӣ субҳнамам,
Рехт бар хотираи ёсуманӣ субҳнамам, Раст аз ҳошияҳо сурмаи чашми қаламам. Буданам чист дар ин хомушии беҷарақа, Ҳастии гумшудаам, хандахариши адамам.
Раҳам намо, ки зи доми ҷаҳон раҳониям,
Раҳам намо, ки зи доми ҷаҳон раҳониям, Фақат ба Туст умедам, ки метавониям. Ман аз ту ҷоизаи беҳтарин пазируфтам, Ки додаӣ зи азал партави ниҳониям.
Рангам канад, чу бар рухи сабзат нигаҳ кунам,
Рангам канад, чу бар рухи сабзат нигаҳ кунам, Сабзам зи нав, чу ёди ту дар тирамаҳ кунам. Мисли шабаҳ ту мегузарӣ аз раҳи хаёл, То кай фиреби хеш дар ин кӯрараҳ
Рӯзе даруни вожаи ишқ ошён кунам,
Рӯзе даруни вожаи ишқ ошён кунам, Яъне, ки ишқро зи ҳузурам ҷавон кунам. Рӯзе баландтар равам аз чашмдори ту, Оре, зи ишқи авҷрават нардбон кунам.
Чун ба анҷум ҷилваи пинҳон кунам,
Чун ба анҷум ҷилваи пинҳон кунам, Халқро бори дигар ҳайрон кунам. Бо нигоҳе ҳафт пироҳан дарам, Осмонро таҳ ба таҳ урён кунам.
Хазонак шуд, хазонак шуд магар гелоси гардун ҳам,
Хазонак шуд, хазонак шуд магар гелоси гардун ҳам, Дубора кор хоҳад кард оё чархи ворун ҳам? Куҷо заҳҳокзори шабдарунҳоро барандозад Агар аз теғи қулла баршавад
Дидори нотасвири ту дар сарнавиштам шуд рақам,
Дидори нотасвири ту дар сарнавиштам шуд рақам, Ҳафт осмон дур аз манӣ, эй н-омада ин як қадам. Дилро насиҳат мекунам, осуда шав, эй тундҷӯш, Тақвимро кун эҳтиро
Дуи дубора ба дунё салом мегӯям,
Дуи дубора ба дунё салом мегӯям, Ба офтобу ба дарё салом мегӯям. Дилам чу ҳуҷҷати сурхи баҳор пеши шумост, Ба муҳри он гули мино салом мегӯям.
Дубора сӯи ту боз омадам, салом, азизам,
Дубора сӯи ту боз омадам, салом, азизам, Дубора замзамасоз омадам, салом, азизам. Бубахш бемаҳалии ғуруби ғунчаи сурхам, Ки субҳ, вақти намоз омадам, салом, ази
Эй азизи раҳбурда бар фарози маъноям,
Эй азизи раҳбурда бар фарози маъноям, Номи хешро бишнос аз хутути зебоям. Безабон сухан гӯянд офтобу оина, Эй нигоҳи ту гӯё бо нигоҳи гӯёям.
Дилтанг шуд фаришта ҳам аз беҷунуниям,
Дилтанг шуд фаришта ҳам аз беҷунуниям, Шаҳре ба шӯр омад аз ин пурсукуниям. Муллои бешарор ба набзам ниҳод даст, Табларзааш гирифт аз ин сардхуниям.
Ҳар суханат сахо кунад ҷоизаи ниҳониям,
Ҳар суханат сахо кунад ҷоизаи ниҳониям, Ҳар нигаҳат ато кунад қуввати осмониям. Аз ҳама нодири манӣ, эй ки бурун кашидаӣ Ин ҳама бозёбро аз дили бостониям.
Дар куфрзор гум шуда лаҳни намозиям,
Дар куфрзор гум шуда лаҳни намозиям, Оташ наяфканад ба ҷаҳон худгудозиям. Ман навтарин касам, ки зи оянда омадам, Ё куҳнаам, ки мунтазири бозсозиям.
Чу ҳамхокему ҳамгардун, чӣ мепурсӣ, куҷоиям,
Чу ҳамхокему ҳамгардун, чӣ мепурсӣ, куҷоиям, Ба тан чун ту заминиям, ба ҷон чун ту самоиям. Агар ту бехуду риндӣ, зи ман дарси ҷунун омӯз, Агар сӯфӣ туӣ, ибрат
Паёпай гиря кардам, ханда кардам,
Паёпай гиря кардам, ханда кардам, Ҳамин ҳастии ноарзанда кардам. Ҳарири нозро аз тан кашидам, Дили садпораро дар жанда кардам.
Баҳорро зи нишонии ту пазируфтам,
Баҳорро зи нишонии ту пазируфтам, Чу ихтирои ҷавонии ту пазируфтам. Хутути баргу гулу хоку сангу шабнамро Чу номаҳои ниҳонии ту пазируфтам.
Бигӯ, хуршед баргардад ба бомам,
Бигӯ, хуршед баргардад ба бомам, Ба бӯи субҳ бигрезад зуломам. Салом, эй ишқ, падруд, эй муҳаббат, Ба самти туст падруду саломам.
Аз лаҳза то ҳамеша роҳи гузар надорам,
Аз лаҳза то ҳамеша роҳи гузар надорам, Эй бесуроға, то ту хатти сафар надорам. Гуфтам туро ба шиква: Аз ман хабар надорӣ, Асли ҳақиқат ин аст: Аз худ хабар надо
Имшаб, ки осмонро боғи ситора дидам,
Имшаб, ки осмонро боғи ситора дидам, Қути нигоҳи худро ширингувора дидам. Гардуни нӯҳамома кавкабсарои ман буд, Як абри раҳгузарро дар далқи пора дидам.
Падруд, эй сабоҳати шабнам, салом, шом,
Падруд, эй сабоҳати шабнам, салом, шом, Падруд, эй ба номи ту падрудҳо-салом. Аз номи ман салом бар, урдибиҳишти ман, Фардо ба лолаҳои афифи канори бом.
Сапедаҳо, сапедаҳо, сапедаҳои нилфом,
Сапедаҳо, сапедаҳо, сапедаҳои нилфом, Даруни қалбам офтоб қиём мекунад, қиём. Зи чашми рӯшани саҳар, ки во шавад чу нилуфар Нигаҳрамида нестам, наям гули намози
Зи Сайҳун ба Нилу Фуротат салом,
Зи Сайҳун ба Нилу Фуротат салом, Ба падруди беилтифотат салом. Набуданд боре ҳамоғӯши ашк, Ба мижгони беҳиссиётат салом.