Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Аз қолабам барояму хоҳам, ки ҷон шавам,

👁 0

Аз қолабам барояму хоҳам, ки ҷон шавам, Ворастатар зи қофилаи лӯлиён шавам. Хуршед хомуш аст бад-он сурхии забон, Ман ҳарфи ӯ бигӯяму ӯро забон шавам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ман дари сад муъҷизаам, ёр, биё, ки во шавам,

👁 0

Ман дари сад муъҷизаам, ёр, биё, ки во шавам, Тор шавам, ҷӯр шавам, захма шавам, наво шавам. Бӯса ба бодҳо диҳам, хонаи дил ҳаво диҳам, Ғунчаи подарахтиям, ҳамс

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳама рафтанд, ман чаро наравам,

👁 1

Ҳама рафтанд, ман чаро наравам, Сӯи он ёри ошно наравам? Гарчи аз хок хоксортарам, Ҷониби арши кибриё наравам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биё, эй ишқи созанда, биё охир ба ёриям,

👁 1

Биё, эй ишқи созанда, биё охир ба ёриям, Ки сармо зад зи чашми бад тану ҷони баҳориям. Сари мағрури ман охир фурӯ афтод дар болин, Чӣ сон дар рахти беморӣ шикеб

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Салом, эй бӯи Ҷӯи Мӯлиёнам,

👁 0

Салом, эй бӯи Ҷӯи Мӯлиёнам, Салом, эй пайки нав аз бостонам. Салом, эй ғунчапарварди баҳорам, Салом, эй нозпарварди хазонам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳ, субҳ, субҳ, набигрез аз ману дили нигаронам,

👁 0

Субҳ, субҳ, субҳ, набигрез аз ману дили нигаронам, Ишқ, ишқ, ишқ, напарҳез аз тавофи каъбаи ҷонам. Ёр, ёр, ёр, ало, ёр, эй наҷоти ҷони гирифтор, Кай шавад, ки о

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Навои нишоте баровар зи торам,

👁 0

Навои нишоте баровар зи торам, Ту, эй бозгашти сапеди баҳорам. Зи пайроҳаи сабзи чашми ту афтод Дубора ба самти ҷавонӣ гузорам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ба ҷони ту, ки ҳиҷрон мекунад қатли таманноям,

👁 0

Ба ҷони ту, ки ҳиҷрон мекунад қатли таманноям, Давоми роҳро бо ёрии ёди ту паймоям. Агар рафтам, ҳазорон беҳтар аз ман боз меояд, Бале, беҳтар зи ман меояд, амм

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар ҷадвали дил шуморро фаҳмидам,

👁 0

Дар ҷадвали дил шуморро фаҳмидам, Дар гардиши хун фишорро фаҳмидам. Як фурсату як ғафлату як ҳасрат буд, Ин қоидаву қарорро фаҳмидам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ягонае чу ту дар ин дудар наёфтаам,

👁 1

Ягонае чу ту дар ин дудар наёфтаам, Баробари ту касеро дигар наёфтаам. Ҳазор кардаму роҳе ба қалби бастаи ту- Ба он ҷазираи касногузар наёфтаам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ситора ҷӯ, ситора ҷӯ зи ҳар нигоҳи содаам,

👁 0

Ситора ҷӯ, ситора ҷӯ зи ҳар нигоҳи содаам, Агарчи ман заминиям, вале ситоразодаам. Ғурури ман ситорае, ки дар фарози кӯҳ буд, Зи қуллаи ғурури худ ба пои ту фит

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Табрик бигӯ, ки то баҳор омадаам,

👁 0

Табрик бигӯ, ки то баҳор омадаам, Дар роҳ ба сад аҷал дучор омадаам. Дарёб, ки ин нахустташрифи ман аст, Дар асл агар ҳазор бор омадаам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Қасам бар нӯшханди гул, ки ман ҳам омадам, рафтам,

👁 1

Қасам бар нӯшханди гул, ки ман ҳам омадам, рафтам, Ба чашми шуста чун луълӯи шабнам омадам, рафтам. Киям дар кофаристон - Нолаи мурғи шабовезе, Насими исавӣ ё о

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ман бо баҳор робитаи сабз ёфтам,

👁 1

Ман бо баҳор робитаи сабз ёфтам, Бе ихтиёр робитаи сабз ёфтам. Муҳри се ҳарф дар лаби худ бо лабони ҷӯ Аз ҳар канор робитаи сабз ёфтам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳанӯз ҳастаму аз буданам аҷаб дорам,

👁 3

Ҳанӯз ҳастаму аз буданам аҷаб дорам, Хушо, ки ҳастию бар ҳастиям сабаб дорам. Ба дом мондаам, аммо зи дард мерақсам, Ба эҳтироми ту, эй зиндагӣ, тараб дорам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дӯст туӣ, туӣ, туӣ ҷоизаи самоиям,

👁 2

Дӯст туӣ, туӣ, туӣ ҷоизаи самоиям, Ишқ, туӣ, туӣ, туӣ давлати кибриёиям. Бо гулу обу осмон, бо туву бо ҳама ҷаҳон Чанд давом мекунад фурсати ошноиям?

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

На дил ба фикри ман асту на ман ба ёди ваям,

👁 2

На дил ба фикри ман асту на ман ба ёди ваям, Дигар зи ишқ намесӯзад устухони наям. Ба хасм гӯ, ки мани рафта боз меоям, Ҳазорбора, ки ҷорӯб мезанӣ зи паям.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Меравад ба номи ту номаи навирсолам,

👁 0

Меравад ба номи ту номаи навирсолам, Эй ба номи ту пайванд орзуву омолам. Он азиз мепурсад: чандсолаӣ, эй дӯст, Аз ҳама ҷавонам ман в-аз ҳама куҳансолам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мавҷи гул дар канор меоям,

👁 2

Мавҷи гул дар канор меоям, Бо дигар рангу бор меоям. Ихтиёрам ба дасти гардунҳост, Чун ту беихтиёр меоям.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Куҷо донам, ки охир аз куҷоям,

👁 0

Куҷо донам, ки охир аз куҷоям, Ту медонӣ маҳалли мубтадоям. Мазан панҷа, ки ҳассос офаридӣ Пиёнуям, гиторам, уду ноям.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Кош, аз фалсафаҳо барканаму сода шавам,

👁 1

Кош, аз фалсафаҳо барканаму сода шавам, Яшти гул хонаму ҳамқисмати шаббода шавам. Зиндагӣ шодии худро, ки дареғ аз ман дошт, Ба пазируфтани ғамҳои вай омода шав

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Қасам ба номи баҳорон, ки ман аз они туам,

👁 0

Қасам ба номи баҳорон, ки ман аз они туам, Чӣ теғ мезанӣ ай ҷони ман, ки ҷони туам. Қасам ба ашки ситора, ки ман гули себам, Чу шабнам о ба канорам, ки ошёни ту

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ марг аст ва ё фотиҳаи мелодам,

👁 0

Ишқ марг аст ва ё фотиҳаи мелодам, Мурдаму зинда шудам, гӯй муборакбодам. Бар абас бар туи бемеҳртарин таъна задам, Ки чаро дӯст надорию накардӣ ёдам.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам,

👁 1

Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам, Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам. Чист давоми буданам, бохтану рабуданам, Кам шудану фузуданам, тарки шумор мек

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Зи ҷаҳони пуршаётин биравам, дигар наёям,

👁 4

Зи ҷаҳони пуршаётин биравам, дигар наёям, Шунавам дуои ёсин, биравам, дигар наёям. Бифишонда дасту доман ба нишоти сабз будан, Ба тамоми мадҳу нафрин, биравам,

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ
Саҳифаи 58 аз 96