Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Атр аст, атри вожа дар оғӯши дафтарам,
Атр аст, атри вожа дар оғӯши дафтарам, Атри нафас шунав зи каломи муанбарам. Оинаӣ, ки пур шудаӣ аз ҳузури ман, Ҷавҳар туӣ, ки ёфтаӣ асли ҷавҳарам.
Дӯш атласи ҷӯйборро мешустам,
Дӯш атласи ҷӯйборро мешустам, Дар кокули хуршед ҳино мебастам. Мерафтаму мешудам чу оина мунир, Бо акси ту, эй азиз, мепайвастам.
Нафаси тоза кашам, умри нав оғоз кунам,
Нафаси тоза кашам, умри нав оғоз кунам, Баъди сад ноз ба ишқат дари дил боз кунам. Ҳамчунон мурғакам андар қафаси сабр асир, Биканам тӯри қафас, сӯи ту парвоз к
Нашавад дил зи ту баргираму озод кунам,
Нашавад дил зи ту баргираму озод кунам, Ба гули себ қасам, боз туро ёд кунам. Лампаҳо сӯхтаву кӯча ба шаб таслим аст, Рӯшанӣ деҳ, ки туро раҳбари иршод кунам.
Тоқатам рафту раҳо гашт инони ашкам,
Тоқатам рафту раҳо гашт инони ашкам, Соф шуд чашми ман аз бори гарони ашкам. Дарди ногуфтаниям буду варо мӯи ба мӯ Пеши бегона баён кард забони ашкам.
Бишунав, ай осмонӣ, салавоти ҳар нигоҳам,
Бишунав, ай осмонӣ, салавоти ҳар нигоҳам, Бифирист раҳмататро ба сукути узрхоҳам. Ба сипоси он ғуруре, ки зи ту гирифтам инъом, Зи паси касе ба зиллат надавад ғ
Хуш меравам, хаёли нишеман намекунам,
Хуш меравам, хаёли нишеман намекунам, Дар мадду ҷазри ҳодиса маъман намекунам. То истгоҳи охири ман чанд фарсахест, Рафтан хуш аст, фикри расидан намекунам.
Агар дубора баҳор ояд, умеди сабз шудан дорам,
Агар дубора баҳор ояд, умеди сабз шудан дорам, Биё ба дидани ман, эй ёр, биё, ки бо ту сухан дорам. Бидуни ҳарф садоям кун, магар ки бо хати райҳонат Нагуфт чаш
Қадаме неҳ ба юсуфистонам,
Қадаме неҳ ба юсуфистонам, Ҷӯши гул мекунад зимистонам. Сад ҳазор обшори маҷнунӣ Мезанад атса дар биёбонам.
Ман нотаи офтобро медонам,
Ман нотаи офтобро медонам, Шабзамзами моҳтобро медонам. Дар фасли баҳорхезии ҷӯшишҳо Пар-пар задани ҳубобро медонам.
Тариқи зистани бехато намедонам,
Тариқи зистани бехато намедонам, Чунин тариқати зебо чаро намедонам? Барои тозагии худ далел меҷӯям, Куҷост он санади бебаҳо, намедонам.
Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам,
Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам, Ҳамвусъати дили мӯр, ҳамҳаҷми кулли олам. Зеботарӣ зи Юсуф, ошиқтарӣ зи Маҷнун, Эй ҷони номусаххар в-эй қалби номусаллам.
Чанд уммеди саодатмандӣ аз фардо кунам,
Чанд уммеди саодатмандӣ аз фардо кунам, Бояд ин дам гӯш бар набзи дили ҳоло кунам. Мебарандам сӯи маҷнунхона, гар орому дам Қолабӣ гардам чу ома, беҷунуниҳо кун
Сим мазан, сим мазан, сим, сим,
Сим мазан, сим мазан, сим, сим, Қатъ кунам бо ҳама кас лому мим. Эй дили сад қибла бияндохта Ним ба он, ним ба ин, ним, ним.
Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Наврӯз шуду панҷараро боз намудем, Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз, намудем. Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.
Масти чаҳ-чаҳхонии худ меравем,
Масти чаҳ-чаҳхонии худ меравем, Бо шакарафшонии худ меравем. Бо фари инсонии худ омадем, Бо пари кайҳонии худ меравем.
Рӯзи ғуруби ҳавсалаҳо пир мешавем,
Рӯзи ғуруби ҳавсалаҳо пир мешавем, Дар қайду банди мушкилаҳо пир мешавем. Бар мадду ҷазри мост фалак остинфишон, Бо ҳоюҳую валвалаҳо пир мешавем.
То ба кай хокистаролудӣ, биё, озар шавем,
То ба кай хокистаролудӣ, биё, озар шавем, Бар шавем аз хирагии худ, фурӯзонфар шавем. Душманӣ варзиданат бо ҷадвали тақвим чист, Борҳо поён шудем, эй дӯст, инак
Кош, чун оби дусадпора ба ҳам боз оем,
Кош, чун оби дусадпора ба ҳам боз оем, Аз ҳама гӯшаи офоқ ҳамовоз оем. Бо раҳи фасл бирафтему ватансӯз шудем, Сураи васл бихонему ватансоз оем.
Шохи Наботам, самар овардаам,
Шохи Наботам, самар овардаам, Аз шакаристон шакар овардаам. Боз шудам, боз шудам чун фазо, Панҷара бикшо, саҳар овардаам.
Дер зӣ, эй модари фархундаам,
Дер зӣ, эй модари фархундаам, Васл кун бо ишқ тори кандаам. Ман, чӣ ҷои ман, ки ҳатто обу гул Гӯядат: бар ҳурмати ту зиндаам.
Аз оинаи бефусунам гурезам,
Аз оинаи бефусунам гурезам, Зи таъқиби ҷурми фузунам гурезам. Ба фардо намехоҳам, эй нозири роҳ, Ба бигзаштаҳо аз кунунам гурезам.
Завлона ба по пар-пар бизанам,
Завлона ба по пар-пар бизанам, Шаш сӯ бишавам, шаш дар бизанам. Ман жанда дарам дар пайкари шаб, Дар ҷомаи субҳ оҳар бизанам.
Тақвими ман сар омад, падруд, фарвадинам,
Тақвими ман сар омад, падруд, фарвадинам, Шабҳои шамъдонӣ, рӯзони ёсаминам. Баъди ҷанозаи ишқ, баъди ғуруби гулҳо Ман боз ҳам намурдам, баргӯй офаринам.
ДАР СӯГИ УСТОД ЛОИҚ
ДАР СӯГИ УСТОД ЛОИҚ Дар ҳақиқат сад ҷаҳон будӣ, набудӣ як касе, Дӯш дидам он ҷаҳон бо ин ҷаҳон бигриста. Мавлавӣ