Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Паст наё, ки мешавӣ хандахариши нокасон,
Паст наё, ки мешавӣ хандахариши нокасон, Парчами офтоб шав, бош зи дастнорасон. Санги касе намерасад ҳеч ба меваи нуҷум, Тоири кибриё туӣ, лоша наӣ ба каргасон.
Ту яктогавҳарӣ дар гавҳаристон,
Ту яктогавҳарӣ дар гавҳаристон, Ту шириншаккарӣ аз шаккаристон. Чу фарвардин расидӣ сабз дар сабз Ба зери вусъати нилуфаристон.
Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон,
Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон, Дар ҳечзори ҳарзаву ғафлат ниҳонакон. Охир чаро суи абадият намеравед, Саргин раҳо кунед, ай аробакашонакон.
Хурда мегиранд хурдон бар муаззамҷавҳарон,
Хурда мегиранд хурдон бар муаззамҷавҳарон, Чашмҳои танг натвонанд фатҳи бекарон. Даст афшону бирав аз растаи бадгӯйҳо, Фориғ аз арзанфурӯшон, хаста аз арзанхаро
Баҳори бохтаамро дубора баргардон,
Баҳори бохтаамро дубора баргардон, Маро ба он дами ширингувора баргардон. Нишоти кӯтаҳи урдибиҳишти дӯшинро Ба субҳлолаи шабнамнигора баргардон.
Марҷон шумурд, марҷон, борони субҳагардон
Марҷон шумурд, марҷон, борони субҳагардон Дандон фишурд, дандон, борони шаддадандон. Гилро вузӯи нав дод, гулро тулӯи нав дод Борони хандагирён, борони гиряханд
Зиндагӣ! Азизи ман! Эй азизи ёсинхон,
Зиндагӣ! Азизи ман! Эй азизи ёсинхон, Фурсати ҳамоғӯшӣ бо ту мешавад поён. Растахезҳои ту кай хулоса хоҳад шуд, Эй дили бад-ин хурдӣ ҳаммасоҳати кайҳон.
Ҳидоят бидеҳ бар ҳидоятпазирон,
Ҳидоят бидеҳ бар ҳидоятпазирон, Мунодӣ фиристон ба ҷони мунирон. Басе рафту шӯяндае ҳам наомад Ба полоиши доғи мо, дилҳарирон.
Ҳарири ҷон ба роҳат густарам, фармой, модарҷон,
Ҳарири ҷон ба роҳат густарам, фармой, модарҷон, Бад - он ҳастии зебо ҳастиям орой, модарҷон. Нарав, доим бимону офтобона ба рӯи мо Дари фардову фардои дигар бик
Ба бадеъият баҳорӣ, ба самимият чу борон,
Ба бадеъият баҳорӣ, ба самимият чу борон, Бишунидаам зи чашмат тапиши дили баҳорон. Чӣ кунам, ки ҳеч кардан натавонам аз бароят, Нашудам ягонаи ту, ки якеям аз
Ваҳйи субҳ меояд бар саломи бедорон,
Ваҳйи субҳ меояд бар саломи бедорон, Сура-сура чун хуршед, оя-оя чун борон. То абад мунаввар бод аз фари иноёташ Субҳи орзуварзон, шоми субҳпиндорон!
Бигирифт қиблагоҳам раҳи манзили хамӯшон,
Бигирифт қиблагоҳам раҳи манзили хамӯшон, Сари марқадаш бирафтам саҳар обидиданӯшон. Бишуд ашки ман чароғе сари хокҷои покаш, Мижаам шабиҳи най шуд, наи аз алам
Мо офаридаҳои Худои муҳаббатем,
Мо офаридаҳои Худои муҳаббатем, Оҷиз ба пеши муъҷизаҳои муҳаббатем. Гоҳе дар авҷи арш радифи ситораҳо, Гаҳ дар замин фитода ба пои муҳаббатем.
Ман зи ту интизори иршодам,
Ман зи ту интизори иршодам, Бо ҳамин интизориям шодам. Бесутунам, ки сад ҳазорон сол Чашмдори қудуми Фарҳодам.
Андалебона ошиқи саҳарам,
Андалебона ошиқи саҳарам, Ассалом, эй парии нилуфарам. Балки маъшуқи бомдодам ман, Дилбари шаҳсувори шедфарам.
Ҳанӯз рухсати табрики ёрро дорам,
Ҳанӯз рухсати табрики ёрро дорам, Басо ҳақираму ин ифтихорро дорам. Ғами азизи ту шуд ҳалқаи нигинаи дил, Даруни сина ҳамин ёдгорро дорам.
Зиҳӣ, эй насими улвӣ, ба нафас бидеҳ вузӯям,
Зиҳӣ, эй насими улвӣ, ба нафас бидеҳ вузӯям, Хате аз ғубор дорад варақи заҳири рӯям. Ту зи соли ман чӣ пурсӣ, ки дар ин қаламрави вақт Ба тулӯъ чун ғурубам, ба
Зарабони навбаҳорам, ки дили гул аст ҷоям,
Зарабони навбаҳорам, ки дили гул аст ҷоям, Агарам аҷал бигирад, ба ҳаёти гул дароям. Ба ҳаёти гул дароям, ки нигоҳҳо навозам, Ба ҳаёти гул дароям, ки димоғҳо ку
Оина бошам, ки садоят кунам,
Оина бошам, ки садоят кунам, Ғарқи сафо, ғарқи сафоят кунам. Раҳмдилам, варна ки мекуштамат, Як нигаҳи умррабоят кунам.
Эй будани азизи ту маънои буданам,
Эй будани азизи ту маънои буданам, Хоби биҳишт дидану гандум дуруданам. Бигзашт вақти золиму боре мадад накард Баҳри туро зи лавҳаи хотир зудуданам.
Акси осмон афтод рӯи оби чашмонам,
Акси осмон афтод рӯи оби чашмонам, Офтобро дуздид соябарги мижгонам. Кош, ғунча мебудам нозбанди сад парда, Гавҳари саҳарнам буд тукмаи гиребонам.
Аз ҳарири сабост пираҳанам,
Аз ҳарири сабост пираҳанам, Аз сабоҳат танидаанд танам. Беш аз инам дигар хамӯш намон, Эй харидори гавҳари суханам.
Шуои шамс набахшад ҳино ба мӯи сиёҳам,
Шуои шамс набахшад ҳино ба мӯи сиёҳам, На Юсуфам, ки шавад абри оҷгуна кулоҳам. Ту нахли маърифативу манам нишаста чу Будо, Ҳазор сол шуду ночашида себи гуноҳам
Мезанад атри гули ток шабехун ба машомам,
Мезанад атри гули ток шабехун ба машомам, Сурх шуд аз шарари лолаарӯсак лаби бомам. Обхезии баҳорони балоғат паси сар монд, Ончунон рафт, ки хомӯш нашуд шӯру қи
Меҳрубонӣ рез, эй шаб, дар шабистони вуҷудам,
Меҳрубонӣ рез, эй шаб, дар шабистони вуҷудам, Ғам муғаннӣ гашту ман дар хидмати ӯ ҳамчу удам. Ман чӣ ҳам мехоҳам охир аз дили маснӯъи ин қавм, Бас кун, эй дил,