Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Эй қулланаварди ману гардунсипари ман,

👁 1

Эй қулланаварди ману гардунсипари ман, Хуршедсулули ману бологузари ман. Аз ишқи ту чун аз шарари ғайб дурахшид Дар пушти саропардаи нозук гуҳари ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Кай маро барандозад санги лаънати душман,

👁 1

Кай маро барандозад санги лаънати душман, Дӯст мекушад моро бо кулӯхе аз доман. Озмудаам кам - кам зиндагиву макрашро, Беҳаросам аз нафрин, меҳаросам аз аҳсан.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Қанд зан, себи шакархандаи ман,

👁 0

Қанд зан, себи шакархандаи ман, Себи аз хулди барин кандаи ман. Нест сақфе, ки туро овезам, Эй ту, қандили дурахшандаи ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун,

👁 0

Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун, Маро фаришта кун, оре, маро ҳам инсон кун. Биё ба чашми ғизолам, набераи Маҷнун, Маро ба бар кашу хушбахт чун биёбон кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шишаро ҷавҳар кашу оина кун,

👁 1

Шишаро ҷавҳар кашу оина кун, Вирдро шамъи шаби одина кун. Гавҳарона андаро дар дурҷи дил, Ҳуққаи холии мо ганҷина кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй сабзаи фарвардин, шабнам ба гиребон зан,

👁 0

Эй сабзаи фарвардин, шабнам ба гиребон зан, Боло шаву боло шав, хуршед ба домон зан. То бод наҷунбонад, барге нафитад аз шох, То шер бурун ояд, оташ ба найистон

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Раҳм кун, бод, ба пироҳани гул даст назан,

👁 1

Раҳм кун, бод, ба пироҳани гул даст назан, Каҷмакаҷ роҳ нарав, наъра зи бунбаст назан. Шӯхии саҳл накун, бехабарак мебарадат, Ту ба дарёи барангехтае шаст назан

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чун ба гиребони субҳ атр занад ёсуман,

👁 1

Чун ба гиребони субҳ атр занад ёсуман, Об шавад бесадо шамъи зумуррадлаган. Мефитад аз осмон рӯйкаши шабнамӣ, То напарад дергоҳ оҳари рӯи чаман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

То чанд ситорасӯз будан,

👁 1

То чанд ситорасӯз будан, Саргаштаи чархи кӯз будан? Боист чу осмоншиносон Хонандаи ҳар румуз будан.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Пушти қафас чӣ мекунӣ, эй дил, фирор кун,

👁 0

Пушти қафас чӣ мекунӣ, эй дил, фирор кун, Имсол тарки шеваи перору пор кун. Аз ифтихори холии ту сахт хастаам, Беҳуда ифтихор накун, ибтикор кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бар лолаи танҳо, ки тапад дар қафаси ман,

👁 0

Бар лолаи танҳо, ки тапад дар қафаси ман, Аз ғайб бидеҳ роиҳа, исонафаси ман. Ларзид зи таҳрики ту, эй сабзтарин сабз, Дар хобгаҳи сина дили беҳаваси ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ғайб назан, ҳотифи пайдои ман,

👁 0

Ғайб назан, ҳотифи пайдои ман, Ҳотифи дамбаставу гӯёи ман. Омадаӣ, бар қадамат пешкаш Фасли хазонрези таманнои ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ишқ, баро аз вақт, тақвимдаронӣ кун,

👁 0

Эй ишқ, баро аз вақт, тақвимдаронӣ кун, Бемавсиму бетақвим сад қарн ҷавонӣ кун. Шамсӣ куну маҳтобӣ тақвими ду чашматро, Кулли санаро бар мо иди ҳамагонӣ кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хуршед туӣ, ба шиша рӯ кун,

👁 0

Хуршед туӣ, ба шиша рӯ кун, Сад найза ба ҷони ман фурӯ кун. Дар тобаи доғи хеш бигдоз, Ҷавре, ки намекунад адӯ, кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дил, эй дил, бетаманноӣ накун,

👁 0

Эй дил, эй дил, бетаманноӣ накун, Гул ба гул зан, баргпартоӣ накун. Мард шав, яклахт шав, садлахти ман, Одамӣ кун боз, Ҳаввоӣ накун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй тундгард, пои ҳавасро пиёда кун,

👁 0

Эй тундгард, пои ҳавасро пиёда кун, Аз рӯзи охирини баҳор истифода кун. Шодӣ кунад рақиб, ки роҳи ту хатм шуд, Аммо ту боз нав шаву оғози ҷода кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Матлаат хуршедмаънӣ, мақтаат маҳтобмазмун,

👁 1

Матлаат хуршедмаънӣ, мақтаат маҳтобмазмун, Ҷовидон зӣ, навҷавон зӣ, рӯд, эй рӯди ҳумоюн. Навтаринӣ, навтанинӣ, ринди ширинравтаринӣ, То қиёмат ҳам наӣ ту шоири

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Тифлӣ гузашту гум шуд милодномаи ман,

👁 0

Тифлӣ гузашту гум шуд милодномаи ман, Ишқи ту муҳри нав зад дар зодномаи ман. Яктотарин ту монӣ, фардотарин ту монӣ Дар ишқномаи ман, дар ёдномаи ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз саҳаристон биё бар сақаристони ман,

👁 1

Аз саҳаристон биё бар сақаристони ман, Ваҳйи муборак бидеҳ ҷони маро, ҷони ман. Гӯш бидеҳ бар қафас, то шунавӣ як нафас Чаҳ-чаҳи хуршеди ман, қаҳ-қаҳи борони ма

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз дуроҳаи дунё ҳам ту меравӣ, ҳам ман,

👁 1

Аз дуроҳаи дунё ҳам ту меравӣ, ҳам ман, Рӯ ба сӯи он Якто ҳам ту меравӣ, ҳам ман. Тоҷи мо зари гул буд, килки мо пари гул буд, Эй чу ғунча ноифшо, ҳам ту меравӣ

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омаданам рафтан аст, рафтани ман- омадан,

👁 0

Омаданам рафтан аст, рафтани ман- омадан, Байни ману арш ҳаст кашмакаши тан ба тан. Оқибатат бандагист, охиратат зиндагист, Эй дили осӣ, накун ин ҳама бардоруза

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Баҳор бар ту муборак, аё баҳортарин,

👁 0

Баҳор бар ту муборак, аё баҳортарин, Худо ҳамеша туро ёр боду ёртарин. Бизӣ, зи боди ҳаводис ҳамеша эмин бош, Ки гултарин нафарон ҳам шаванд хортарин.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ карашма мезанад дар нигаҳи мунири ман,

👁 0

Ишқ карашма мезанад дар нигаҳи мунири ман, Кистӣ, эй замири ту як шуда бо замири ман. Рӯи ҳақиқати дағал атри фасона рехтам, Ларза гирифт рӯҳи шаб аз нафаси ҳар

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ранги сабоҳат, рез дар тираҷаҳони ман

👁 0

Эй ранги сабоҳат, рез дар тираҷаҳони ман В-эй нури малоҳат, рез дар рӯҳу равони ман. Фардои ҳумоюнам дар зеҳн мусаввар буд, Аммо чӣ бало омад берун зи гумони ма

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хуҷанди ман, Хуҷанди ман, ту, эй хоки баланди ман,

👁 0

Хуҷанди ман, Хуҷанди ман, ту, эй хоки баланди ман, Ту, эй хуршедшаҳри рӯшани оинабанди ман. Агар Рӯдоба будам, остонбӯси ту мекардам Шафақро, гар чу Золи Зар би

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ
Саҳифаи 55 аз 96