Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Барвақт шодӣ мекунӣ бо фатҳи бас осони ман,

👁 3

Барвақт шодӣ мекунӣ бо фатҳи бас осони ман, Эй ёри киштибони ман, инак, туву тӯфони ман. Ин аз ҷунун бебаҳраҳо, ин беғаму безаҳраҳо Дар кунҷи ороме хазанд ошуфт

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Боре ба ман саодати дидор ҳадя кун,

👁 1

Боре ба ман саодати дидор ҳадя кун, Самти дигар ба гунбади даввор ҳадя кун. Бедории хуҷаста ба хобидагон фирист, Хобе куҳан ба мардуми бедор ҳадя кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман,

👁 0

Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман, Ишқ аст миллати ман, аслу ҷибиллати ман. Чун номи ман ба номат дар осмон рақам шуд, Бо туст сабз дар сабз милоду реҳла

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳро хирмани таҷалло кун,

👁 0

Субҳро хирмани таҷалло кун, Пилки пӯшидаи шафақ во кун. Чашмро истифода бар ҳоло, Субҳи ояндаро тамошо кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар ин баҳортарин лаҳзаҳо ҷавонӣ кун,

👁 0

Дар ин баҳортарин лаҳзаҳо ҷавонӣ кун, Бурун зи ҳошияи ишқ гулнишонӣ кун. Дили саломати ту аз тапиш мураххас нест, Сипоси ҷоизаи ёри осмонӣ кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бо боғи танбараҳна қаборо шинос кун,

👁 0

Бо боғи танбараҳна қаборо шинос кун, Бо шохсори хуфта наворо шинос кун. Имзо бинеҳ ба номаи сулҳи мухолифин, Бо офтоб панҷараҳоро шинос кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Баҳор шаъшаа зад, ёри сабзқомати ман,

👁 2

Баҳор шаъшаа зад, ёри сабзқомати ман, Бинӯш як қадаҳи лола бар саломати ман. Ба зиндагонии ман дер омадӣ, фармо, Ту эй қиёматии ман, ту эй қиёмати ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дил, бас аст, марсияхонӣ тамом кун,

👁 3

Эй дил, бас аст, марсияхонӣ тамом кун, Эй вассаломгуфта, дубора салом кун. Вақт аст хоҷаи туву ту чун ғуломи ӯ, Бар ӯ бишӯру хоҷаи худро ғулом кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Намегӯям туро, пайғамбарӣ кун,

👁 3

Намегӯям туро, пайғамбарӣ кун, Биё, як бор ҳам одамгарӣ кун. Дусад бор омадӣ, нодида рафтӣ, Дигар кофист, тарки кофарӣ кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шабхун бизан ба равзан бо мавҷи субҳхирман,

👁 2

Шабхун бизан ба равзан бо мавҷи субҳхирман, Эй ишқ, бори охир бинмой хона рӯшан. Ҳаммазҳаби гули себ, ҳаммашраби гули себ Будиву бош, эй дил, дар замҳарири баҳм

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биёзмудӣ ба шӯру ширин,

👁 1

Биёзмудӣ ба шӯру ширин, Ба зарби таҳсин, ба захми нафрин. Зи вақтчархиш, зи умргардиш Чӣ саркашона шудем таҳшин.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ваълайкум ассалом, эй субҳи ростин,

👁 1

Ваълайкум ассалом, эй субҳи ростин, Хам шав, ки бӯсамат, ёри шафақҷабин. Аз тоқи синае як дил рабудаам, Дуздона мебарам дар зери остин.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Оинаам, ҳақиқати урёни ман бубин,

👁 0

Оинаам, ҳақиқати урёни ман бубин, Пайдои ман зи ҷавҳари пинҳони ман бубин. Меъроҷи ман зи нимаи раҳ хатм шуд, дареғ, Ин ними сӯзане ба гиребони ман бубин.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ин ҳафт саҳфаро ба ҳам овар, китоб кун,

👁 0

Ин ҳафт саҳфаро ба ҳам овар, китоб кун, Бо ман биё, мутолиаи офтоб кун. Субҳе насимгуна табиби чаман бишав, Дар набзи гул муоинаи изтироб кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Даҷла бигзор фаромӯш кунад, некӣ кун,

👁 0

Даҷла бигзор фаромӯш кунад, некӣ кун, Нор ҳам ғасби Сиёвуш кунад, некӣ кун. Гар ба некии ту душман бидиҳад номи бадӣ, Халқ ҳам наҳси варо гӯш кунад, некӣ кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз ҳаҷри ёрон нола кун, эй нойи ман, эй нойи ман,

👁 4

Аз ҳаҷри ёрон нола кун, эй нойи ман, эй нойи ман, Ҷамъе бирафту шамъ монд ё сӯзиши танҳои ман. Худро бибурдиву гирист аз бетуӣ имрӯзи ман, Худро биёру ҳадя кун,

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Урдибиҳишт атса зад аз меҳрмоҳи ман,

👁 0

Урдибиҳишт атса зад аз меҳрмоҳи ман, Бар зиндагӣ тамом иваз шуд нигоҳи ман. Он лаҳзае, ки бори нахустин шинос шуд Бо чашмҳои сабзи ту чашми сиёҳи ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ҷаҳон, эй як чаман пиндори ман,

👁 2

Эй ҷаҳон, эй як чаман пиндори ман, Ҳоли ман, ояндаи ман, пори ман. Не ман огоҳам зи як асрори ту, Не ту огоҳӣ зи як асрори ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рафтам, дигар ин кӯча нашнид садои ман,

👁 1

Рафтам, дигар ин кӯча нашнид садои ман, Мижгон заду охир шуд фасли равуои ман. Дар ҷумлаи умри ман як нуқта фитод аз ғайб, Ин гуна ҷавоб омад бар чуну чарои ман

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хуршед панҷа зад, ки баро, инзиво накун,

👁 3

Хуршед панҷа зад, ки баро, инзиво накун, Ин рӯзҳои ёсуманиро раҳо накун. Бе ишқ зиндагӣ накун, эй ишқнопазир, Бе ишқ зикри номи азизи Худо накун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омӯз, асри бисту як, фарҳанги бо ҳам зистан,

👁 1

Омӯз, асри бисту як, фарҳанги бо ҳам зистан, То ҳол натвонистааст одам чу одам зистан. Инак Сиёвушони нав берун зи оташ н-омаданд, Дар ин ҷаҳони рӯсабӣ натвон ч

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Боғи фарвардин, маро оғӯш кун, оғӯш кун,

👁 1

Боғи фарвардин, маро оғӯш кун, оғӯш кун, Атса зан, набзи латифи ёсуманро гӯш кун. Субҳ, субҳи издивоҷи рӯҳи инсону набот Ишқро хушбахт кун, хушбахти атласпӯш ку

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бо ту оиназор шуд дили ман,

👁 2

Бо ту оиназор шуд дили ман, Сад тараннум баҳор шуд дили ман. Омаданҳои бешабеҳи туро Чӣ қадар интизор шуд дили ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Пайки малакутӣ деҳ, фархундасафири ман,

👁 0

Пайки малакутӣ деҳ, фархундасафири ман, Байни ману ман бодо ёди ту сафири ман. Эй фолкушои гул, бо айнаки шабнам хон Дар сафҳаи пешонӣ иншои дабири ман.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Маро, эй шеър, тармими дигар кун,

👁 2

Маро, эй шеър, тармими дигар кун, Ба чашмони Худо бар ман назар кун. Дилам аз хона рафту пас наомад, Бирав, бар хонааш ӯро хабар кун.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ
Саҳифаи 54 аз 96