Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ҷавқи қаландаронем, бар мо қалам набошад,

👁 0

Ҷавқи қаландаронем, бар мо қалам набошад, Буду вуҷуди моро бок аз адам набошад. Султони вақти хешем, гарчи зи рӯйи зоҳир Лашкаркашони моро таблу алам набошад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Сапедадам ба сабуҳӣ шароб хуш бошад,

👁 0

Сапедадам ба сабуҳӣ шароб хуш бошад, Навову нағмаву чангу рубоб хуш бошад. Миёни боғ чу васли нигор даст диҳад, Канори обу шаби моҳтоб хуш бошад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Куҷо касе, ки маро муждаи чамона диҳад,

👁 4

Куҷо касе, ки маро муждаи чамона диҳад, Алассабоҳ ба ман бодаи шабона диҳад. Зи дӯстону азизон кӣ бошад он, ки маро Нишон ба кӯи муғону майи муғона диҳад?!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Боди сабо барги суман баркушод,

👁 1

Боди сабо барги суман баркушод, Ғулғули булбул ба чаман дарфитод. Зинда кунад мурдаи садсоларо, Бод чу бар гул гузарад бомдод.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Лаъли нӯшинаш чу хандон мешавад,

👁 2

Лаъли нӯшинаш чу хандон мешавад, Дар ҷаҳон шаккар фаровон мешавад. Қадди ӯ ҳар гаҳ, ки ҷавлон мекунад, Гӯиё сарви хиромон мешавад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Саодат рӯй бо дини ту дорад,

👁 1

Саодат рӯй бо дини ту дорад, Ғанимат хонаи зини ту дорад. Зиҳӣ давлат, зиҳӣ толеъ, зиҳӣ бахт, Ки шабпӯшу арақчини ту дорад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бе рӯйи ёр сабр муяссар намешавад,

👁 1

Бе рӯйи ёр сабр муяссар намешавад, Бе сураташ ҳаёт мусаввар намешавад. Бо ӯ даме висол ба сад лоба солҳо Тақрир мекунем, муқаррар намешавад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зи кӯи ёр замоне карона натвон кард,

👁 3

Зи кӯи ёр замоне карона натвон кард, Ҷуз остонаи ӯ ошёна натвон кард. Касе, ки Каъбаи дил дид, бегумон донад, Ки саҷдагоҳ ҷуз он остона натвон кард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мурдему ёр ҳеч риоят намекунад,

👁 3

Мурдему ёр ҳеч риоят намекунад, Во ҳасрато, ки бахт иноят намекунад. Дар пеши чашми ӯ лаби ӯ мекушад маро, В-он шӯхчашм бин, ки ҳимоят намекунад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯш лаълат нафасе хотири мо х(в)аш мекард,

👁 0

Дӯш лаълат нафасе хотири мо х(в)аш мекард, Дида медид ҷамоли туву дил ғаш мекард. Рӯйи зебои ту бо моҳ якояк мезад, Сари гесӯйи ту бо бод кашокаш мекард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳаргиз касе ба хубӣ чун ёри мо набошад,

👁 2

Ҳаргиз касе ба хубӣ чун ёри мо набошад, Маҳро назири рӯяш гуфтан раво набошад. Мӯе чунон хамида, чашме чунон кашида Дар Чин ба даст н-ояд в-андар Хито набошад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯш ашкам cap бa Ҷайҳун мекашид,

👁 2

Дӯш ашкам cap бa Ҷайҳун мекашид, Дил бад-он зулфайни шабгун мекашид. Нотавон шахси заифам, ҳар замон Ашкрезон ноларо чун мекашид.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Гарам инояти ӯ дар ба рӯй бикшояд,

👁 1

Гарам инояти ӯ дар ба рӯй бикшояд, Ҳазор давлатам аз ғайб рӯй бинмояд. Назар ба гулшани рӯҳониён наяндозам, Сарам ба пояи каррубиён фурӯ н-ояд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Нақши рӯйи туам аз пеши назар менаравад,

👁 2

Нақши рӯйи туам аз пеши назар менаравад, Хотир аз кӯи туам ҷойи дигар менаравад. То бидидам лаби ширини ту, дигар з–он рӯз Бар забонам сухани шаҳду шакар менара

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Typo кӣ гуфт, ки бо мо вафо нашояд кард?

👁 1

Typo кӣ гуфт, ки бо мо вафо нашояд кард? Дурӯғ гуфт, чӣ бошад, чаро нашояд кард? Ғуломи лаъли лаби туст ҷони ширинам, Чунин ҳикояти ширин куҷо нашояд кард?

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Соқиё, боз харобем, бидеҳ ҷоме чанд,

👁 2

Соқиё, боз харобем, бидеҳ ҷоме чанд, Пухтае чанд фурӯ рез ба мо хоме чанд. Сӯфию гӯшаи меҳробу накуномию зарқ, Мову майхонаву дурдикашу бадноме чанд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дилам зи ишқ табарро наметавонад кард,

👁 0

Дилам зи ишқ табарро наметавонад кард, Сабурӣ аз рухи зебо наметавонад кард. Ғам аз даруни дили ман бурун намеояд, Ки тарки маскану маъво наметавонад кард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Насими хоки Мусаллову оби Рукнобод

👁 1

Насими хоки Мусаллову оби Рукнобод Ғарибро ватани хеш мебарад аз ёд. Зиҳӣ ҳуҷистамақомеву ҷонфизо мулке, Ки бод хиттаи олӣ-ш то абад обод.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дардо, ки дарди мо ба давое намерасад

👁 2

Дардо, ки дарди мо ба давое намерасад В-ин кори мо ба баргу навое намерасад. Дар корвони ғам чу ҷарас нола мекунам, Дар гӯши мо чу бонги дарое намерасад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зи ман мапурс, ки бар ман чӣ ҳол мегузарад,

👁 2

Зи ман мапурс, ки бар ман чӣ ҳол мегузарад, Чу рӯзи васли туам дар хаёл мегузарад. Ҷаҳон баробари чашмам сиёҳ мегардад, Чу дар замири ман он зулфу хол мегузарад

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯшам ғами ту мулки сувайдо гирифта буд,

👁 2

Дӯшам ғами ту мулки сувайдо гирифта буд, Дудам зи сина роҳи Сурайё гирифта буд. Ҷонро зи рӯйи лаъли ту дар танг омада, Дилро зи шавқи зулфи ту савдо гирифта буд

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

На беҳ зи шеваи мастон тариқу роҳе ҳаст,

👁 2

На беҳ зи шеваи мастон тариқу роҳе ҳаст, На беҳ зи кӯи муғон гӯшаеву ҷое ҳаст. Дилам ба майкада з–он мекашад, ки риндонро Кудурате наву бо якдигар сафое ҳаст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Сар нахонем, ки савдозадаи мӯе нест,

👁 2

Сар нахонем, ки савдозадаи мӯе нест, Одамӣ нест, ки маҷнуни парирӯе нест. Ҳаргиз аз банди ғам озод нагардад он дил, Ки гирифтори каманди сари гесӯе нест.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Диле, ки бастаи занҷири зулфи ёре нест,

👁 3

Диле, ки бастаи занҷири зулфи ёре нест, Ба пеши аҳли назар ҳечаш эътиборе нест. Саре, ки нест дар ӯ коргоҳи савдое, Бa корхонаи айшаш сареву коре нест.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дар хона то қаробаи мо пуршароб нест,

👁 2

Дар хона то қаробаи мо пуршароб нест, Моро қарору роҳату орому хоб нест. Дар хилвате, ки бодаву соқию шоҳид аст, Ҳоҷат ба чангу барбату ною рубоб нест.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Саҳифаи 48 аз 96