Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк,

👁 0

На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк, На бар ҳар миру султон мебарам рашк. Надорам чашм бар ганҷуру дастур, На бар ганҷи фаровон мебарам рашк.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Васли ҷонон бошадам, ҷон, гӯ, мабош,

👁 2

Васли ҷонон бошадам, ҷон, гӯ, мабош, Дар ҷаҳон ҷуз фикри ҷонон, гӯ, мабош! Сокини хилватсарои унсро Гулшану бустону айвон, гӯ, мабош!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дар инчунин сара фаслеву навбаҳоре хуш

👁 1

Дар инчунин сара фаслеву навбаҳоре хуш Хушо касе, ки кунад айш бо нигоре хуш. Канори ҷӯй гузин, гӯш сӯйи булбул дор, Кунун, ки ҳаст ба ҳар гӯшае каноре хуш.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бе ёр дилшикаставу дур аз диёри хеш

👁 0

Бе ёр дилшикаставу дур аз диёри хеш Дармондаем оҷизу ҳайрон ба кори хеш. Аз рӯзгор ҳеч муроде наёфтем, Озурдаем, лоҷарам, аз рӯзгори хеш.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Қиссаи дарди дилу ғуссаи шабҳои дароз

👁 1

Қиссаи дарди дилу ғуссаи шабҳои дароз Сурате нест, ки ҷое битавон гуфтан боз. Маҳраме нест, ки бо ӯ ба канор орам рӯз, Мӯнисе нест, ки бо вай ба миён орам роз.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бо мо накард он бути саркаш вафо ҳанӯз,

👁 2

Бо мо накард он бути саркаш вафо ҳанӯз, Охир нашуд миёнаи мо моҷаро ҳанӯз. Мо хастагон дар оташи шавқаш бисӯхтем В-он шӯхдида сер нагашт аз ҷафо ҳанӯз.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Чаман дилбурдан оин мекунад боз,

👁 2

Чаман дилбурдан оин мекунад боз, Ҷаҳонро лола рангин мекунад боз. Насими хушнафас бо ғунча ҳар дам Ҳадиси нофаи Чин мекунад боз.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Маро дилест гирифтори хиттаи Шероз,

👁 1

Маро дилест гирифтори хиттаи Шероз, Зи ман буридаву хӯ карда бо танаъъуму ноз. Хуш истодаву бо лаъли дилбарон дар ишқ, Тарабгузидаву бо ҷаври некувон дамсоз.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мепазад боз сарам беҳуда савдои дигар,

👁 0

Мепазад боз сарам беҳуда савдои дигар, Мекунад хотири шӯрида таманнои дигар. Ҳаваси сарвқаде гирди дилам мегардад, Ки надорад ба ҷаҳон ҳамсару ҳамтои дигар.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Чун мо қаландаронем, дар мо риё набошад.

👁 1

Чун мо қаландаронем, дар мо риё набошад. Тазвиру зарқу солус оини мо набошад. Дар ҳеч мулк бо мо кас дӯстӣ наварзад, Дар ҳеч шаҳр моро кас ошно набошад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯш султони хаёлаш боз ғавғо карда буд,

👁 0

Дӯш султони хаёлаш боз ғавғо карда буд, Мулки ҷон тороҷу рахти сабр яғмо карда буд. Барқи шавқаш аз даҳонам шуъла мезад ҳар замон, В-оташи савдои ӯ қасди сувайд

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯш ақлам ҳаваси васли ту шайдо мекард,

👁 1

Дӯш ақлам ҳаваси васли ту шайдо мекард, Дилам оташкадаву дида чу дарё мекард. Нақши рухсори ту пиромани чашмам мегашт, Сабру ҳуши мани дилсӯхта яғмо мекард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дил ҳамон беҳ, ки гирифтори ҳавое бошад,

👁 1

Дил ҳамон беҳ, ки гирифтори ҳавое бошад, Сар ҳамон беҳ, ки нисори кафи пое бошад. Ҳаҷр хуш бошад, агар чашм тавон дошт висол, Дард саҳл аст, гар уммеди давое бо

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Аз дами ҷонбахши най дилро сафое мерасад,

👁 2

Аз дами ҷонбахши най дилро сафое мерасад, Рӯҳро аз нолаи ӯ марҳабое мерасад. Гӯиё дорад зи инъомаш Масеҳо баҳрае, К-аз дами ӯ дардмандонро давое мерасад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Боз тарки аҳду паймон карда буд,

👁 3

Боз тарки аҳду паймон карда буд, Куштани мо бар дил осон карда буд. Душманононам бад ҳамегуфтанд, ӯ Гӯш бар гуфтори эшон карда буд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ёри паймоншиканам бар сари паймон омад,

👁 2

Ёри паймоншиканам бар сари паймон омад, Дили пурдарди маро навбати дармон омад. Ин чӣ моҳест, ки кошонаи мо равшан кард В-ин чӣ шамъест, ки бозам ба шабистон ом

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Пайваста чашми шӯхат моро фигор дорад,

👁 2

Пайваста чашми шӯхат моро фигор дорад, Он турки маст, охир, бо мо чӣ кор дорад? Бо зулфи беқарораш дил муддате қарин шуд, Ин расми беқарорӣ з-ӯ ёдгор дорад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ногоҳ ҳушу сабри ман он дилрабо бибурд,

👁 1

Ногоҳ ҳушу сабри ман он дилрабо бибурд, Чашмаш ба як карашма дил аз дасти мо бибурд. Бинмуд рӯйи хубу хиҷил кард моҳро, Бикшод зулфу равнақи мушки Хито бибурд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Хуррам он кас, ки ғами ишқи ту дар дил дорад

👁 2

Хуррам он кас, ки ғами ишқи ту дар дил дорад В-аз ҳама мулки ҷаҳон меҳри ту ҳосил дорад. Ҷавру бедоду ҷафо кардану ошиқ куштан Зебад онро, ки чунин шаклу шамоил

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Алассабоҳ, ки наргис пиёла бардорад,

👁 2

Алассабоҳ, ки наргис пиёла бардорад, Суман ба азми сабуҳӣ кулола бардорад. Чаковак аз сари мастӣ хурӯш дарбандад, Зи шавқ булбули дилхаста нола бардорад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ошиқи шӯрида тарки ёр натвонист кард,

👁 2

Ошиқи шӯрида тарки ёр натвонист кард, Сабр бе дил карду бе дилдор натвонист кард. Ҷон чу бо ишқ ошно шуд, аз хирад бегона гашт, Ҳамдамӣ з-ин беш бо ағёр натвони

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Видои Каъбаи ҷон чун тавон кард?

👁 3

Видои Каъбаи ҷон чун тавон кард? Фироқаш бар дил осон чун тавон кард? Табибам меравад, ман дарди худро Намедонам, ки дармон чун тавон кард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зи сӯзи ишқи ман ҷонат бисӯзад,

👁 1

Зи сӯзи ишқи ман ҷонат бисӯзад, Ҳама пайдову пинҳонат бисӯзад. Зи оҳи сарду сӯзи дил ҳазар кун, Ки инат бифсурад, онат бисӯзад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дилам з-ин беш ғавғо барнатобад,

👁 1

Дилам з-ин беш ғавғо барнатобад, Сарам з-ин беш савдо барнатобад. Зи шавқат бар дили девонаи мост Ғаме, к-он санги хоро барнатобад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Шарм дор, эй дил, аз ин даҳр раҳоӣ то чанд?

👁 3

Шарм дор, эй дил, аз ин даҳр раҳоӣ то чанд? Бехудӣ то ба каю беҳудароӣ то чанд? Нест кори ту ба сомону кай оӣ ба наво, Ғарра гаштан ба чунин кору киёӣ то чанд?

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Саҳифаи 47 аз 96