Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳаргиз дилам зи кӯи ту ҷойи дигар нарафт,
Ҳаргиз дилам зи кӯи ту ҷойи дигар нарафт, Як дам хаёли рӯйи туам аз назар нарафт, Ҷон рафту иштиёқи ту аз ҷон бадар нашуд, Сар рафту орзуи ту аз cap бадар нараф
Ҳосил зи зиндагонии мо ҷуз вабол нест
Ҳосил зи зиндагонии мо ҷуз вабол нест В-аз рӯзгор баҳра ба ғайр аз малол нест. Нақши се-шаш талаб макун аз каъбатайни даҳр, К-ин нақши панҷрӯза бурун аз хаёл не
Ҷоно, биё, ки бе ту диламро қарор нест,
Ҷоно, биё, ки бе ту диламро қарор нест, Бешам маҷоли сабру сари интизор нест. Девона инчунин, ки манам дар балои ишқ, Дил офият нахоҳаду ақлам ба кор нест.
Дигар бурун шуданам з-ин диёр мумкин нест,
Дигар бурун шуданам з-ин диёр мумкин нест, Дигар азиматам аз кӯи ёр мумкин нест. Маро аз он лаби ширину зулфу орази ӯ Шикебу тоқату сабру қарор мумкин нест.
Маро зи васли ту ҳосил ба ҷуз таманно нест,
Маро зи васли ту ҳосил ба ҷуз таманно нест, Хаёли зулфи ту бастан хилофи савдо нест. Вафо зи аҳди ту меҷуст дӯш хотири ман, Ҷавоб дод, ки худ ин матоъ бо мо нес
Зи сунбуле, ки узорат бар арғувон андохт,
Зи сунбуле, ки узорат бар арғувон андохт, Маро ба бехудӣ овоза дар ҷаҳон андохт. Зи шарҳи зулфи ту мӯе ҳанӯз ногуфта, Дилам ҳазор гиреҳ дар сари забон андохт.
Сиёҳҷурда бутамро намак зи ҳад бигзашт,
Сиёҳҷурда бутамро намак зи ҳад бигзашт, Итоби ӯ чу ҷафои фалак зи ҳад бигзашт. Латофати лабу дандону мастии чашмаш Чу майпарастии мо як ба як зи ҳад бигзашт.
Рамид сабру дил аз ман, чу дилнавоз бирафт,
Рамид сабру дил аз ман, чу дилнавоз бирафт, Чӣ чора созам аз ин пас, чу чорасоз бирафт. Савор гаштаву амдан гирифта боз ба даст, Намуда рӯй ба бечорагону боз би
Турки сармастам, ки coғap мегирифт,
Турки сармастам, ки coғap мегирифт, Оламе дар шӯру дар шар мегирифт. Акси хуршеди ҷамолаш дар ҷаҳон Шуъла мезад, ҳафт кишвар мегирифт.
Моро зи шавқи ёр ба ғайр илтифот нест,
Моро зи шавқи ёр ба ғайр илтифот нест, Парвои ҷони хешу сари коинот нест. Аз пеши ёр агар нафасе дур мешавам, Ҳар дам, ки мезанам, зи ҳисоби ҳаёт нест.
Дилдодаро зи тири маломат газанд нест,
Дилдодаро зи тири маломат газанд нест, Девонаро тариқаи оқил писанд нест. Аз дарди мо чӣ фикру зи аҳволи мо чӣ бок, Ӯро, ки дил муқайяду по дар каманд нест.
Ҷафо макун, ки ҷафо расми дилрабоӣ нест!
Ҷафо макун, ки ҷафо расми дилрабоӣ нест! Ҷудо машав, ки маро тоқати ҷудоӣ нест! Мудом оташи шавқи ту дар даруни ман аст, Чунон ки як дам аз он оташам раҳоӣ нест
Хушо касе, ки зи ишқаш даме раҳоӣ нест,
Хушо касе, ки зи ишқаш даме раҳоӣ нест, Ғамаш зи риндию майлаш ба порсоӣ нест. Дили рамидаи шӯридагони расвоӣ Шикастаест, ки дар банди мӯмиёӣ нест.
Лутфи ту аз ҳад бурун, ҳусни ту бемунтаҳост,
Лутфи ту аз ҳад бурун, ҳусни ту бемунтаҳост, Неши ту нӯши равон, дарди ту дармони мост. Ишқи ту бар тахти дил ҳокими кишваркушой, Меҳри ту бар мулки ҷон воливу
Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб,
Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб, Нозуктар аз гули тару хушбӯтар аз гулоб. Раънотар аз шамоили насрин миёни боғ, Нозандатар зи сарви сиҳӣ бар канори об.
Дило, бо муғон ошноӣ талаб!
Дило, бо муғон ошноӣ талаб! Зи пири муғон рӯшноӣ талаб! Ба кунҷи қаноат гарат роҳ нест, Зи девонагон раҳнамоӣ талаб!
Кард фориғ гули рӯят зи гулистон моро,
Кард фориғ гули рӯят зи гулистон моро, Куфри зулфи ту баровард зи имон моро. То хаёли қаду болои ту дар дил бигузашт, Хотир озод шуд аз сарви хиромон моро.
Мезанад ғамзаи мардафкани ӯ тир маро,
Мезанад ғамзаи мардафкани ӯ тир маро, Дӯстон, чист дар ин воқиа тадбир маро? Мани девона на онам, ки насиҳат шунавам, Панди пирона мадеҳ, гӯ, падари пир, маро.
Мекунад силсилаи зулфи ту девона маро,
Мекунад силсилаи зулфи ту девона маро, Мекашад наргиси масти ту ба майхона маро. Мутаҳаййир шудаам, то ғами ишқат ногоҳ Аз куҷо ёфт дар ин гӯшаи вайрона маро.
Эй хату холи хушат мояи савдои мо,
Эй хату холи хушат мояи савдои мо, Эй нафасе васли ту асли таманнои мо. Чунки қадам мениҳад шавқи ту дар мулки ҷон, Сабр бурун меҷаҳад аз дили шайдои мо.
Дар мо ба ноз менигарад дилрабои мо,
Дар мо ба ноз менигарад дилрабои мо, Бегонавор мегузарад ошнои мо. Бе ҷурм дӯст пой зи мо даркашида боз, То худ чӣ гуфт душмани мо дар қафои мо.
Шӯрида кард шеваи он нозанин маро,
Шӯрида кард шеваи он нозанин маро, Ишқаш халос дод зи дунёву дин маро. Ғам ҳамнишини ман шуду ман ҳамнишини ғам, То худ чиҳо расад зи чунин ҳамнишин маро.
Зи ҳад гузашт ҷудоӣ, зи ҳад гузашт ҷафо,
Зи ҳад гузашт ҷудоӣ, зи ҳад гузашт ҷафо, Биё, ки мавсими айш асту оштию сафо. Лабат ба хуни дили ошиқон хате овард, Ғубор чист дигарбора дар миёнаи мо?
Бикушт ғамзаи он шӯх бегуноҳ маро,
Бикушт ғамзаи он шӯх бегуноҳ маро, Фиканд себи занахдони ӯ ба чоҳ маро. Ғуломи ҳиндуи холаш шудам, надонистам, К-асири хеш кунад зангии сиёҳ маро.
Соқиё, боз харобем, бидеҳ ҷоме чанд
Соқиё, боз харобем, бидеҳ ҷоме чанд, Пухтае чанд фурӯ рез ту бо хоме чанд. Сӯфию гӯшаи меҳробу накӯномию зарқ, Мову майхонаву дурдикашу бадноме чанд.