Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҷафо макун, ки ҷафо расми дилрабоӣ нест!

Ҷафо макун, ки ҷафо расми дилрабоӣ нест! Ҷудо машав, ки маро тоқати ҷудоӣ нест! Мудом оташи шавқи ту дар даруни ман аст, Чунон ки як дам аз он оташам раҳоӣ нест. Вафо намудану баргаштану ҷафо кардан Тариқи ёриву оини дилрабоӣ нест. Зи акси чеҳраи худ чашми мо мунаввар кун, Ки дидаро ҷуз аз он ваҷҳ рӯшноӣ нест. Ман аз ту бӯса таманно куҷо тавонам кард, Чу гирди кӯи туам заҳраи гадоӣ нест. Ба саъй давлати васлат намешавад ҳосил, Муҳаққақ аст, ки давлат ба ҷуз атое нест. Убайд, пеши касоне, ки ишқ меварзанд, Шаби висол кам аз рӯзи подшоӣ нест.