Дилдодаро зи тири маломат газанд нест,
Дилдодаро зи тири маломат газанд нест,
Девонаро тариқаи оқил писанд нест.
Аз дарди мо чӣ фикру зи аҳволи мо чӣ бок,
Ӯро, ки дил муқайяду по дар каманд нест.
Фарҳодро, ки бо лаби Ширин тааллуқ аст,
Рағбат ба нӯшдоруву ҳоҷат ба қанд нест.
Он ҷо, ки оташи ғами дилдор шуъла зад,
Ҷон барфишон ба завқ, ки ҷойи сипанд нест.
Мангар бад-ӯ, ки бо қади шӯхе назар набохт
К-ӯ пастҳиммастест, ки бахташ баланд нест.
Чолокӣ аст мояи мардию ошиқӣ,
Ин шева кори муддаиёни лаванд нест.
Бас кун, Убайд, бо дили саргашта доварӣ.
Бечораро насиҳати мо судманд нест.