Моро зи шавқи ёр ба ғайр илтифот нест,
Моро зи шавқи ёр ба ғайр илтифот нест,
Парвои ҷони хешу сари коинот нест.
Аз пеши ёр агар нафасе дур мешавам,
Ҳар дам, ки мезанам, зи ҳисоби ҳаёт нест.
Дар ошиқӣ хамӯшиву дар хаҷр собирӣ,
Ин худ ҳикоятест, ки дар мумкинот нест.
Риндӣ гузин, ки шеваи номусу рангу бӯ
Ғайр аз хаёли ботилу ҷуз турраҳот нест.
Бигзор, ҳар чӣ дорию бигзар, ки мардро
Ҷуз тарки тӯша тӯшаи роҳи наҷот нест.
Аз худ талаб, ки ҳар чӣ талаб мекунӣ зи ёр,
Дар тангнои Каъбаву дар Суминот нест.
Дарюза кардам аз лаби дилдор бӯсае,
Гуфто: Бирав, Убайд, ки вақти закот нест.