Турки сармастам, ки coғap мегирифт,
Турки сармастам, ки coғap мегирифт,
Оламе дар шӯру дар шар мегирифт.
Акси хуршеди ҷамолаш дар ҷаҳон
Шуъла мезад, ҳафт кишвар мегирифт.
Чун сабо бар чини зулфаш мегузашт,
Бӯстон дар мушку анбар мегирифт.
Ҳар даме аз оҳи дудосои ман
Оташе дар уду миҷмар мегирифт.
Бӯсае з-ӯ дил талаб мекард, лек
Ин сухан бо ӯ куҷо дармегирифт.
Қиссаи дардаш Убайд аз сӯзи дил
Ҳар замон мегуфту аз cap мегирифт.