Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Рамид сабру дил аз ман, чу дилнавоз бирафт,

Рамид сабру дил аз ман, чу дилнавоз бирафт, Чӣ чора созам аз ин пас, чу чорасоз бирафт. Савор гаштаву амдан гирифта боз ба даст, Намуда рӯй ба бечорагону боз бирафт. Ба гиря чашмаи чашмам бирехт чандон хун, Ки куҳнахирқаи солусам аз намоз бирафт. Ҷуз аз хаёли қаду зулфи ёру қиссаи шавқ, Дигар зи хотирам андешаи дароз бирафт. Зи манъи халқ аз ин пеш муҳтариз будам, Кунун ҳадиси ман аз ҳадди эҳтироз бирафт. Дареғу дард, ки дар ҳаҷри ёру ғуссаи даҳр Бирафт умру ҳақиқат, ки бар маҷоз бирафт. Убайд, чун ҷарасат нола суд менакунад, Чу корвони ҷарас ҷумла беҷавоз бирафт.