Сиёҳҷурда бутамро намак зи ҳад бигзашт,
Сиёҳҷурда бутамро намак зи ҳад бигзашт,
Итоби ӯ чу ҷафои фалак зи ҳад бигзашт.
Латофати лабу дандону мастии чашмаш
Чу майпарастии мо як ба як зи ҳад бигзашт.
Ба лоба гуфт, ки аз ҳад гузашт ҷаври рақиб,
Ба танз гуфт, ки бе ҳеч шак зи ҳад бигзашт.
Бинӯш бодаи софӣ зи дасти дилбари хеш,
Ки бевафоии чархи фалак зи ҳад бигзашт.
Убайдро дили сангинаш имтиҳон карданд,
Иёри дӯстияш бар маҳак зи ҳад бигзашт.