Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зи сунбуле, ки узорат бар арғувон андохт,

Зи сунбуле, ки узорат бар арғувон андохт, Маро ба бехудӣ овоза дар ҷаҳон андохт. Зи шарҳи зулфи ту мӯе ҳанӯз ногуфта, Дилам ҳазор гиреҳ дар сари забон андохт. Даҳони ту сифате аз заифиям мегуфт, Маро зи ҳастии худ нек дар гумон андохт. Камони абруи пайваста мекашӣ то гӯш, Бад-он умед, ки сайде куҷо тавон андохт. Зи дилфиребии мӯят сухан дароз кашид, Лаби ту нуктаи борик дар миён андохт. Зи сирри ишқ ҳар он–ч аз Убайд пинҳон буд, Сиришк ҷумла дар афвоҳи мардумон андохт.