Маро зи васли ту ҳосил ба ҷуз таманно нест,
Маро зи васли ту ҳосил ба ҷуз таманно нест,
Хаёли зулфи ту бастан хилофи савдо нест.
Вафо зи аҳди ту меҷуст дӯш хотири ман,
Ҷавоб дод, ки худ ин матоъ бо мо нест.
Басе бигуфтамат, эй дӯст, ҳаст ройи манат?
Даҳон зи шарм фурӯ бастаӣ, ҳамоно нест?
Ҳазор бӯса зи лаб ваъда кардаиву яке
Намедиҳию маро заҳраи тақозо нест.
Чу давр даври рухи туст, хотире дарёб,
Ки кори булъаҷабиҳои чарх пайдо нест.
Зи меҳмони хаёлат чу шармсорам аз он–к
Ҷуз оби чашму кабоби ҷигар муҳайё нест.
Ба таъна гуфтӣ, к-аз мо дареғ дорӣ ҷон,
Магӯ, магӯй, Худоро, Убайд аз онҳо нест.