Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дигар бурун шуданам з-ин диёр мумкин нест,

Дигар бурун шуданам з-ин диёр мумкин нест, Дигар азиматам аз кӯи ёр мумкин нест. Маро аз он лаби ширину зулфу орази ӯ Шикебу тоқату сабру қарор мумкин нест. Дило, бикӯш, магар доманаш ба чанг орӣ, Ки васл бе талабу интизор мумкин нест. Ман ин ки ишқ наварзам, маро ба сар наравад, Ман ин ки май нахӯрам дар баҳор, мумкин нест. Аз он диёр, ки моем, ҳолиё з-он ҷо Мусофирони саборо гузор мумкин нест. Убайд ҳам ғазале гоҳ-гоҳ агар битвон, Бигӯ, ки хуштар аз ин ёдгор мумкин нест.