Ҷоно, биё, ки бе ту диламро қарор нест,
Ҷоно, биё, ки бе ту диламро қарор нест,
Бешам маҷоли сабру сари интизор нест.
Девона инчунин, ки манам дар балои ишқ,
Дил офият нахоҳаду ақлам ба кор нест.
Гар хонданат мурод ва гар рондан орзуст,
Он кун, ки ройи туст, маро ихтиёр нест.
Моро ҳамин бас аст, ки дорем дарди ишқ,
Мақсуди мо зи васли ту бӯсу канор нест.
Эй дил, ҳамеша ошиқу ҳамвора маст бош,
К-он кас, ки масти ишқ нашуд, ҳушёр нест.
Бо ишқ ҳамнишин шаву аз ақл баршикан,
К-ӯро ба пеши аҳли назар эътибор нест.
Ҳар қавмро тариқаву роҳеву қиблаест,
Пеши Убайд қибла ба ҷуз кӯи ёр нест.