Ҳосил зи зиндагонии мо ҷуз вабол нест
Ҳосил зи зиндагонии мо ҷуз вабол нест
В-аз рӯзгор баҳра ба ғайр аз малол нест.
Нақши се-шаш талаб макун аз каъбатайни даҳр,
К-ин нақши панҷрӯза бурун аз хаёл нест.
Чун мансаби бузургиву чун ҷоҳу мулку мол
Бе васмати тазалзулу айбу завол нест.
Хуш хотире, ки мансабу ҷоҳ орзу накард,
Хуррам диле, ки дар талаби мулку мол нест.
Аз хони мумсикон маталаб тӯшаи ҳаёт,
К-он луқма пеши аҳли тариқат ҳалол нест.
Дар вазъи рӯзгор назар кун ба чашми ақл,
Аҳволи кас мапурс, ки ҷойи суол нест!
Чун зулфи тобдодаи хубон дар ин диёр
Ҳар ҷо, ки саркашест, ба ҷуз поймол нест.
Дар мавҷи фитнае, ки халоиқ фитодаанд,
Фарёдрас ба ҷуз карами зулҷалол нест.
Аз ғам чунон пур аст дили мо, ки баъд аз ин
Дар вай ба ҳеч гуна тарабро маҷол нест.
Ҷонам фидои хотири соҳибдиле, ки гуфт:
Шероз ҷойи мардуми соҳибкамол нест.
Дарвешию ғарибию заҳмат зи ҳад гузашт,
З-ин беш, эй Убайд, маро эҳтимол нест.