Ҳаргиз дилам зи кӯи ту ҷойи дигар нарафт,
Ҳаргиз дилам зи кӯи ту ҷойи дигар нарафт,
Як дам хаёли рӯйи туам аз назар нарафт,
Ҷон рафту иштиёқи ту аз ҷон бадар нашуд,
Сар рафту орзуи ту аз cap бадар нарафт.
Ҳар, к-ӯ қатили ишқ нашуд, чун ба хок рафт?
Ҳам бехабар биёмаду ҳам бехабар нарафт.
Дар кӯи ишқ бесару пое нишон кӣ дод,
К-ӯ хастадил наёмаду хунинҷигар нарафт.
Умрам бирафт дар талаби васлу оқибат
Коме наёфт хотиру коре ба сар нарафт.
Шӯре фитод аз ту дар офоқу кас намонд,
К-ӯ чун Убайд дар сари ин шӯру шар нарафт.