Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дар хона то қаробаи мо пуршароб нест,

Дар хона то қаробаи мо пуршароб нест, Моро қарору роҳату орому хоб нест. Дар хилвате, ки бодаву соқию шоҳид аст, Ҳоҷат ба чангу барбату ною рубоб нест. Хуш кун ба бода вақти ҳарифон, ки пеши мо Умре, ки хуш намегузарад, дар ҳисоб нест. Инак шароб, агар ҳавасат мекунад вузӯ, Дар офтоба кун, ки дар ин хона об нест. Моро, ки мулки фақру қаноат мусаллам аст, Ҳоҷат ба ҷуди хусрави моликриқоб нест. Ҳамчун Убайд хонаи ҳастӣ хароб кун, Зеро ки ҷойи ганҷ ба ҷуз дар хароб нест.